Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир ман низ мурдаам: на ҳарф дорам, на дида метавонам, на рафтан дорам, на коре аз дастам меояд, на ашкам равон мегардад. Эй Худойи ман! Оё нашавад, ки ба ҷойи Азройил Ҷабрайилро бифиристӣ, то ваҳйе орад. Охир ваҳйҳойи ў ҳама аз ҳаёт дарак диҳанд ва аз хушиҳо... аммо Азройил бандагонатро ғамбор мекунад, ба хотири бузургият, ягонагиат, офаридгориат, тавонойиат онон ба инаш ҳам шукр мекунанд: «Лозим будааст, азизашро гирифт» мегўянд.»
Дар хонайи шафат хомўшӣ. Дастгоҳ кор намекунад. Ҷараёни дили бемисоли Лоиқро; тапиданҳойи онро, ҷорӣ шудани хуни заррдорашро нишон намедиҳад. Ойинайи сиёҳи беҷон. Тахтаву тираки умрро ғундошта мондаанд. Дигар маърака нест, базм нест зиндагӣ нест, ки ба кор ояд... Акнун чун медаройӣ ба «наҷотхона»?
Ҳанўз умед дорам, ки ҷое гирифт карда ва бояд кушода шавад, аз нав равонаш гирд гардад.
Ва дар он ҷо, ки умеди наҷоташ буд, бо суфи сафед пўшидаанд рўю болояшро. Ва чун ман намирам? Дигар чӣ дилгармиву дилкашолие мемонад дар ин олам? Фиғони ман ба осмон дакка мехўрад ба хаёли худам ва аз зўри он кушода мешавад ду наҳри азим, дарёйи ашк ҷорӣ мегардад. Вале маро ёрое нест, ки пеш рафта пардайи сафеди рўйи ўро бардорам. Намехоҳам ўро дигаргуна бинам, баройи ман Лоиқ гармрўву ягона аст, ҳамон зайл бимонад... Ғалаёни хун, ғамбодайи гулў, тазйиқи дил намегузорад ором бошам: «Дод! Дод! Дод!» Садойи ғулғулайи ботини ман аст.
Гўё садойи тамоми бедорони тоҷик ҷой шуда дар андарунам ва ман бояд онро нолам ва дардиҳам ба олам. Касе намедонад ҳоли маро, касе намешунавад садойи Лоиқро ҷуз ман: «Сорбон оҳи ҷаҳонсўзи маро менолад!!!» Вале ҳайҳот, ки фузунтар ва пурсўзтар аз ў касе нолида наметавонад «оҳи ҷаҳонсўзашро». Ман ҳоло ба дигар чиз менолам: ба ҳоли хеш, ба танҳоийи хеш, баройи хеш, ки чун шуд: он ки зиндагиро зиёдтар аз дигарон медонист, мешинохт ва дўст медошт, биравад ва мане, ки «Ин дунё»-ро «Он дунё»
1 медонам, бимонам?» Магар маънӣ дорад зиндагӣ, ки ў биомўзад, биандўзад, маънидон шавад, пурдон гардад, забондон бошад ва чун қомуси зинда яксар бимирад? Эй Яздони пок! Хубтар аз ман огаҳ ҳастӣ, ки ў ҳамадон буд; аз ў мепурсиданд зиёд, аз ў маслиҳат мехостанд беҳисоб; камбуд буд мешуд, хаволиҳо пур. Ҳолиё касе пайдо мешавад, ки ин ҷойро пур карда тавонад?
Ҳо, бо суфи сапед пўшидаанд; чизе мехоҳанд: бахти сапед, роҳи сапед ва ваҳдат бо офаридгор. Ў дар зиндагӣ чунин буд
– сапедпўш; дирафшдори ягонагӣ, хушрўзӣ ва осудагӣ. Даъват

  1. Ин нуктаро ҷуз Лоиқ касе намедонад, зеро танҳо ў хондааст «Зиндадаргўр»-ро ҳам мекард ба ин роҳ.
пешина
аз 428
навбатӣ