Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Фикри зиёд суд надорад.
— Медонам, ако, суд надорад... Лекин... лекин чунин ногаҳонӣ...
— Ҳоло равшан нест, ки зери ин коса чӣ нимкосаест. Дер ё зуд чунин бояд мешуд...
— Нафаҳмидам...
— Мефаҳмед, шумо одами зирак. Намедонам, ба шумо гуфта буд ё не, ба ман ҳама умр мегуфт, ки ман умри дароз намебинам...
Аз сарам метарсам... Лекин дилам бақувват.
— Ба ман ҳам мегуфт. Сарзаниш мекардам, ки дигар чунин нагўяд. Зўре ки ў дорад, фил надорад...
— Иншооллоҳ нерўйи танаш ўро аз ҳар хатар амон медорад.


Лоиқ дар ҳаёт нолиш надошт. Ман нашунидаам, ки аз нокомилиҳо, аз норасойиҳо, аз каму кости рўзгори шахсӣ гўя карда бошад. Гурусначашмӣ ё ҳарисӣ надошт. Вонамуд мекард, ки чашму меъдааш сер аст. Дар ҳар маврид ва дар ҳама ҳолат хешро волоназар менамуд ва чунин ҳолату хислат ба ў мезебид, зеро чунин ҳолатҳо сохтакорӣ надоштанд, назарфиреб ҳам набуданд.
Чунон ки буд, менамуд; чунон ки мехост, рафтор мекард; он чӣ дар сираташ буд, ба сураташ меомад; он чӣ дар дил дошт, ба забон мегирифт. Бад медид сохтакоронро, мунофиқонро, дурўяҳоро, хуносоҳоро, занмизоҷонро, лаганбардоронро, тамаъкоронро, нокасу номардонро ва ҳар каси бадро ва ҳар чизи бадро; бадтар медид онҳоеро, ки аз худ касе ё чизе месохтанд. Обмўрӣ аз боғ бузургтар нишон медоданд.
Шодравон шоири ҷавонмарг Ҳабибулло Файзулло як рафиқи барзангӣ дошт майишатдўст. Дар кумитайи иҷроияйи шаҳри Душанбе кор мекард. Ҳамин ки чанд ҷом ба сар мекашид, болотар аз худ касеро намедонист ва Ҳотами Тойӣ мешуду ҳамадону ҳаматавон. Боре гоҳи сархушӣ аз Лоиқ пурсид:
— Рўдакӣ шудан мехоҳӣ?
Лоиқ гуфт:
— Рўдакӣ шудан осон аст?
Ў фармуд:
— Ташкил мекунем!
Лоиқ баланд хандид ва то ҳол ў ин сўҳбатро миёни одамон мегўяд, ки шоир шудан ба назари баъзе касон чӣ сода аст. Баъдтар ба чашми худ дидем, ки Рўдакӣ шудан на осон, балки лоимкон аст, аммо «шоир» шудан ва «шоири халқӣ» ном гирифтан, барандайи мукофоти Рўдакӣ шудан содайи сода.

пешина
аз 428
навбатӣ