Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Он ҳусн дар дидайи дигарон ва дили Лоиқ нақш баста.
Дар сари роҳ нест, мазмун, дар бемористон аст... Э Худо-е...
Оҳ, агар боз туро медидам,
Сар ба пою қадамат месудам.
Аз ҳама печу хами ҷодаи умр
Дар хами зулфи ту меосудам.
Мешикастам ҳама армони дилам
Дар сари зулфи шикан дар шиканат.
Бахти пажмурдаи ман гул мекард
Чун гули рўйи чаман дар чаманат.
Андар шишайи пеши мошин сояйе пайдо шуд ноаён ва сурати бузургустухони Лоиқ чун поракўҳе мадди назарро гирифт. Ман аввал офтобро надидам, баъд роҳро. Беҳушона поям ба тормоз рафт ва мошин садойи сахт баровард. Ҷовидон ба пеш бархўрд:
«Дада!» Ҳушёр шудам аз ин садо, ки хоб буд. Ҳамсафарон ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ шуд. Ва ба пас менигаристанд, ки шояд чизе бошад дар канори роҳ. Маро арақ пахш кард, вале нагуфтам ба онҳо чизе, балки пиёда шудам. Ва канори рўд фуромада об ба рўй задам. «Чаро чунин омад пеши назарам? Чаро дошт пеши роҳи маро? Медонам. Медонам, ки малул шуда аз ман, ки тамоми умр нигаҳбону нигаҳдору ёварам буд ва дар лаҳзайи танг танҳо гузошт.»
Косагули базмҳо, шеърхони маҳфилҳо, суханвари анҷуманҳо, зеби саҳнаҳойи «Ширу шакар», рамзи илми адаб, муҷассамайи хирад пеши роҳи маро гирифт. На! На пеши роҳи маро, балки чашми маро аз нури сўзони Хуршед эҳтиёт кард, то кўр нагардонадам ва ман мисли бисёриҳо чашмпўшида набошам дар зиндагӣ, балки баъзе чизҳойи хуб ва бархе ашёи нохушро дида фарқ карда тавонам; ақаллан рафтору гуфтору кирдори ўро, гарчӣ пиндори ў ба худаш аён буду ба Худо. Пиндори ў ногуфтанист чунон ки ангораҳойи ў.
— Монда шудед?
Сар бардошта Қоришарифро дидам, ки паҳлўям омада пурсон аст аз рафтори ногаҳониам. Ман сар ҷунбондам: «не!» Ва ў қаноат накарда боз пурсид:
— Хоб гирифт?
— Не, ако...
Вале гуфта натавонистам асли воқеаро, ки баройи каси солим ногуфтанист. Ба ҳар кас чунин гўйӣ, девона пиндорад.
— Мефаҳмам...
Ў зирак аст, мефаҳмад. Оне, ки аз сари ман гузашту онҳо надиданд, тахмин мекунад; медонад, ки ҳушу ёди ман ва ў ва Ҷамшед хаёлан андар хонайи наҷоти бемористони Қарияйи Болост, ҷисмамон ин ҷову ҳушу ёдамон он ҷо ва ҳар чиз рух доданаш имкон дорад, одами доно аз дурийи роҳу хастаҳолийи ман мепурсад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор