Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лоиқ арғушт мерафт ва ба пешвози онҳо меомад. Шиносу ношиносон зиёд буданд. Ҳамин қадар донистам, ки ду Ҷумъабою се Бобоҷон ном доштанд. Онҳо низ ба ҳавойи соқ-соқиҷон покўбону дастафшон буданд ва як базме шуд, ки тасвираш муҳол. Баъд ҳама бағалкаш Лоиқро мебўсиданд. Ва ман андеша доштам, ки чӣ хислате дорад Лоиқ? Меҳррабост.
Шояд дигарон як рўзи дароз дар ин санглох шодмонӣ кунанду нафаре эътибор надиҳад. Вале ҳар ҷо, ки Лоиқ ҳаст, дигарон низ мешаванд. Дар базмҳо ҳам чунин, дар маҷлисҳо ҳам чунин, дар шабнишиниҳо ҳам чунин ва ман нигарон меистам, ки кай онҳо аз Лоиқ дур мешаванд ё Лоиқ аз онҳо ҷудо мегардад ва ман ўро мебарам ба хона. Баъзан мешавад, ки Лоиқро бурданам ва дер шуд гуфтанам ба нафарҳо намефорад, ҳар гуна суханҳо мегўянд; шоиртарошоне, ки замоне аз ў баройи ношеърашон сухани хуб нашунидаанд, «орди ҷав баҳона» манша меоғозиданд. Ва буданд, ки ман ҳамроҳи Лоиқ меравам, гуфта дари мошинро мегирифтанд ва намегузоштанд, ки равем. «Девона» танҳо Лоиқ набуд, балки ягон соқ намеёфтед. Аммо баҳона Лоиқ буд. Ва ба чашм ў менамуд. Баъд мошин пур мешуд. Ҳама гўё Лоиқро гусел мекарданд.
Ман асабӣ мешудам. Намехостам онҳоро ба мошин бор кардан.
Вале раҳо ёфтан аз онон саҳл набуд. Баъд лозим меомад, ки ҳар яки онҳоро хона ба хона барам. Дар дами дари ҳар кадоме соатҳо бўсобўсу каноркашиву гардангирӣ мешуд ва нўшбод гуфтанҳо. Ва охирон Лоиқро хона меовардам, ки рўз мешуд.
Боре забоншинос Шарофиддин Рустамовро то хонаашон бурдан лозим омад. Манзилашон сўйи Ховарон буд. Бурдем. Эшон ба хона хонданд. Меҳмонҳо хоҳиш карданд, ки зери осмони кушод бошанд. Баъд эшон нуқлу неъмат, май ва ҷомҳойи булўрӣ бароварданд. Рафти сўҳбат ва нўшбод қадаҳе аз дасти яке фитоду бишкаст. Ҳама пиндоштанд, кори хуб нашуд. Лоиқ пушти даст афшонд ва гуфт: «Як қадаҳ будаст-дия». Рустамов фармуд:
— Тоҷикеш ҳамин ки, сад қадаҳ шиканад, ҳазор қадаҳ шиканад.
Дили Лоиқ нашиканад!


— Устод одами аҷиб...
Фармуд Кароматуллойи олим, ки гўё тамоми роҳ ҳамин чизро андешида ва гуфта натавониста бошад. Вале касе ба сухани ў чизе наафзуд, ки аз тарафи пайвандон ситойиш кардани Лоиқ ҷойиз набошад. Пасон ў тақвият дод андешаашро:
— Худо нигаҳ дорад устодро... Мо чандин сол ҳамкор будем:
он кас сардабири маҷаллайи «Садойи Шарқ», ман мудири бахши нақди адабӣ. Ягон бор нашунидаам, ки ба касе садо баланд карда бошанд. Ҳама вақт фикри он кас ба чизе банд метофт: ё мисраъ мекофтанд ё сухане ва ё ибораву ифодайи тоза меёфтанд.

пешина
аз 428
навбатӣ