Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Аҷаб... Шумо низ ёд гирифтед ҷангро? Бародар куштанро?
— Шарм надошта... Имрўз ё шумо маро ба рўд меандозед, ё ман шуморо.
— Астағфируллоҳ, гўед. Шайтонро ронед. Вазнин шавед. Ёд надорам, ки нисбати шумо ҷурме содир шуда бошад. Аввал пурсиш, баъд кушиш...
— Вай ҳоло кўдак аст-э!
— Кӣ?
— Сабо! Сабойи ман!
— Ҳааа... Вай Сабойи шумо не, Сабойи мо. Серўза буд, ки хоҳаратон – модари Комрон паси даратонро рўфта буд.
— Дуруст...
— Баройи ин ҷанг эълон кардан шарт нест.... Пиёла пурмай кун!
Соқ-соқиҷон, пиёла пурмай кун!
Ороми ҷон, пиёла пурмай кун!
Дардаш ба ҷон, пиёла пурмай кун!
Ширинзабон, пиёла пурмай кун!
Сарви равон, пиёла пурмай кун!
Ақиқлабон, пиёла пурмай кун!
Мўрчамиён, пиёла пурмай кун!
Садафдандон, пиёла пурмай кун!
Оҳиста-оҳиста пойҳойи устод аз об кашида шуд. Дастонаш оринҷак гашт. Нигоҳ ба рост андохт. Ва чархид мавлавиёна. Дар ҳамон ҳолат ҳам вуҷудаш андешаманд метофт... Ман каф мекўфтаму месурўдам ва ў усул мекард ва усулаш мисли оби Сиёма равону ботамкин буд. Ва худи ў гаронвазн метофт чун кўҳҳойи атроф, сахт, нерўманд ва бузург. Гаронвазнию бузургийи кўҳҳо ва Лоиқро ба ҳеҷ мизоне кашидан натавон. Ҳар қадар ин кўҳҳо ганҷ дошта бошад ва ниҳон монад, Лоиқ низ ончунон ганҷи ниҳон дорад. Онро танҳо муҳандисон ва заршиносон бо асбобҳойи махсус пай бурда метавонанд... Вале ман медонам кам-кам бузургиву рангиниву сангинийи ўро...
Соқ-соқиҷон, пиёла пурмай кун!
Аз он сўйи рўд мошинҳо бозистоданд. Саворон пиёда шуда ба ин ду фарди мавлавимаоб ҳайрон нигариста ё девона ва ё маст пиндошта механдиданд ва аз он ҷо ба ҳавойи дасти ман қарс мезаданд ва баъзе шинохта даст меафшонданд. Ба гуфти ман Лоиқ он сў нигашту тамошобинонро дид ва садо кард: «Мо базм дорем!
Биёед!»
Ва онҳое ки эъиқод доштанду кӣ будани моро медонистанд, лаб-лаби роҳ қатор шуда ҷониби пул омаданд. Соқ-соқиҷони мо ҳанўз давом дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор