Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ.
— Ҳа, дадо (бо навозиш якдигарро чунин ном мебурдем). Мо аз ин дунё беҳасрат меравем. – Боз такрор кард ў. – пур дидем, зиёд кардем... Зиндагийи хуб гузаронидем. Хидмати адабиамон ҳам бад не. Вале кас гумон мекунад, ки боз чизе намерасад. Кадом корҳое нотамом ё сар накарда. Он чӣ мехостем, анҷом напазируфта.
— Ин ҳамон корҳое, ки аз Рўдакӣ то шумо орзу доштанду сомон намешуд; баъд дар ашъорашон ҳамчун орзуву армон месурўданд, дар афсонаҳояшон мегуфтанд. Вагарна як лашкаркаши хунхор Искандари Мақдуниро чун шоҳи рисолавӣ тасаввуру тасвир намекарданд.
— Боз Искандар... Ба дилам зад...
— Ба дилатон назанад. Ман баройи он мегўям, ки мо тоҷикон устухонфурўшӣ мекунем, аммо таърихи халки худро намедонем.
Хаёл мекунем, ки аз мост, медонем. Ҳамон Искандарро ҳам намедонем, шунидаем, пиндорем, ки медонем. Донистан кори саҳл нест. Мо таърихи анҷуманҳову пленумҳойи замони Шўравиро маҷбуран хондаем. Магар таъриххониву таърихдонӣ чунон аст, ки пайғамбари Куруши Кабир ба номи Искандар гузарад? Зулқарнайн Куруш бошаду Мақдуниро Искандари Зулқарнайн хонанд?
Ҳатто имрўз ҳам аз телевизион ҷор меандозанд, ки Искандар шох дошт ва ҳар бори мўйи сарашро тарошидан сартарошро мекушт, то сирри ду шох доштанашро фош накунад... Ҳол он ки Искандар ҳар гоҳ чун шарқиён мўйи сар наметарошид, мўйи фатилайи дойимӣ дошт...
— Шумо аз куҷо медонед, ки Искандар сар метаршид ё на...
— Медонам: шарқиён сар метарошанд, ғарбиён риш. Ва он афсонае, ки мегўянд, ба шоҳи юнонӣ Мидос дахл дорад, ҳамон ҳам аз диди мо. Дигар ин ки сурати Искандари ҷавон бар тангаҳо сикка зада шудааст...
— Хайр, шумо донандайи таъриху рўзгори Искандару Доро...
Лекин таърихи имрўзаро кӣ бояд нависад?
— Таърихи имрўзаро? Пайдо мешавад. Ин кори осемасарӣ набувад. Шумо байт-байт мефармоед, ҳамонҳо таъриханд.
— На, онҳо бонг ҳастанд, нигорандагонро бедор кардан мехоҳанд.
— Шитобзада нашавем. Ҳазорҳо сол гузашт, ҳанўз ҳам аз рўзгори Курушу Дориюшу Искандару Спитамон менависанд. Толстой баъди сад соли Ҷанги Якуми Ҷаҳон китоби безаволи «Ҷанг ва Сулҳ»- ро навишт. Ҷанги «Бародаркушӣ»-ро низ хоҳанд навишт.
Агар мо навишта натавонем, дигарон хоҳанд навишт. Лекин мо бояд баройи вопасинон мавод ё асбобе гузошта тавонем.
— Мефаҳмед-а?.. Мефаҳмед... Аммо метарсед аз навиштанаш.

пешина
аз 428
навбатӣ