Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шимро кашиду афканд сари санг ва пой бар об андохту нишаст бар харсанг. Мани шаробначашида аз оби беназири Сиёма чоряк пиёла гирифтам ва ҳамон қадар спирт афзудам ва ёзидам ҷониби Лоиқ. Ў хандид. Баъд рў ба осмон оварда гуфт:
— Гардам бандаҳоятро! Худашон шароб медиҳанд! Худашон овоза мекунанд, ки Лоиқ майхор!
— Ин хел хўред, боке не. Вале дар назди номардон нахўред.
Онҳо чунин овозаҳо мекунанд. Ҳарчанд мо медонем, аз шаробхорийи шумо суду зиён нест.
— Мо зиндагийи хуб гузарондем-а?
— Оре!
— Туву Доро ҳамин хел: дупўста сухан мегўед. Ҳамин «оре»- йи кўтоҳакат маъниҳойи зиёд дорад; ҳам ба зиндагийи хуши ман ишора мекунӣ ва ҳам ба «бемаззагиҳоям» киноя мезанӣ.
— Ман инашро намедонистам, ки «бемаззагиҳо» низ доред.
— Ҳаст, кам-кам ҳаст. Лекин безарар. Ва дар он ҳам айби ман нест. Рўзгор маро маҷбур месозад, то чунину чунон кунам:
сахтгў бошам, таҳқир кунам, ҳақталош шавам; аз номи халқу миллат ҷор андозам. Ва ин чизҳо ба онҳое намефорад, ки хешро пуштибони халқу миллат метарошанд ва намедонанд, ки чӣ бояд кард бо халқу миллат.
— Шумо бисёр гуфтед. Ба қавли худатон: ҷор ҳам задед. «Сари сабз» ҳам навиштед. Аммо аз «забони сурх» андеша надоред. Дўст мезанад табарвор.

Рост мегўед... Ман аз бисёр касон сипосгузор ҳастам: аввалан аз Худо, ки маро офарид. Аз модарам, ки маро парварид; аз бародарам Қоришариф, ки худро қурбон кард баройи ман; аз Қозикалон (мо очайи баччаҳоямонро чунин меномидем), ки ба ман озодӣ дод; аз Доро, ки пеш аз ҳама маро шинохт; аз шумо, ки маро ҳифзу ҳимоя мекардед; аз Ромиш, ки давоми умри ман аст ва доройиам дар дасти ўст; аз Афзалшо, ки чун Маҷи Рўдакӣ шеърҳоямро пеш аз худам ба мардум мерасонад. Лекин муттаҳам (навозиш) баччагиҳо дорад; шумо медонед, бахшедаш... Боз аз Соҳибназар, ки худам медонам баройи чӣ...
— Ман низ донам. Донам, ки андозайи эҳтироми дўстон нисбати шумо то куҷост. Ҳар кас аз киштааш самар мегирад. Лекин гўям, ки Лоиқ чӣ махлуқ будани инсонро медонад ва дониста бо онҳо муомила мекунад. Ҷояш ояд, атойи ҳар касро ба лиқояш мебахшад. Вале ман мегўям, ки аз дастатон ояд, ба инсон некӣ кунед, аммо андарз нагўед. Ба инсон андарз суд надорад; агар дошт, баъди Рўдакӣ боз андарз намегуфтанд. Панд суде надорад ва кора накунад, аз ин рў бисёр сароянд.
— Мефаҳмед-а...

пешина
аз 428
навбатӣ