Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Вале моро бадном мекунанд. Мебаранду меоранд ва сапедро сиёҳ нишон медиҳанд, дар натиҷа чормағз ба сари мо мешиканад. Баройи он ки чормағз дар фарқи мо нашиканад, бояд садо баровард. Шер ҳам бо вуҷуди шоҳ буданаш баъзан наъра мезанад, то ҷонварони дигар донанд, ки ў низ ҳаст...
Хафагийи ман аз ту – бародари қиёматиам аз он, ки аз ҳад зиёд фурўтанӣ. Мегўйӣ, ки «худо ба ҳар кас ақлу ҳуш додааст, худаш фаҳмад. Ман мувофиқам бо ту. Лекин Худо ба ҳама баробар ақлу фаросот надодааст-ку! Ба худо, сад сол гузарад, як кас пурсад ё гўяд, ки Сорбон ба ин ё он чиз меарзад. Ҳар кас бояд худаш ғами хешро хурад. Ин сухани шумо. Дар «Актёр» гуфта будед, ки ҳар кас фазоро танг карда баройи худ ҷой меҷўяд. Вале шумо аз хоксорӣ на касеро танг мекунед, на ҷоеро.»
— Ҳаминаш хуб нест?
— Хуб нест. Ба номи худо, гузорам, ки яке нафас кашад. Ман баччайи очайи касе нестам, ки кор кунаму ў хўрад. (Баройи мисол мегўям). Ман Афзалшоро тарафдорам, вале баъзан мегузаронад.
Боз мегўям, ки беҳунарро тарафдор нестам; худо ҳам тарафдори зўр. Аммо боҳунар қадри худро бояд донад. Шумо ситеза мекунед. Зуъм доред. Ба кӣ лозим? Кӣ миннатдор мешавад? Шумо хаёл мекунед, ки дигарон ибрат гирифта, талоши беҳуда намекунанд... Баръакс, аз ҷой озод гузоштани шумо дигарон ҷой пайдо мекунанд.
— Пирафшонӣ кунем?
— Чӣ хел пирафшонӣ? Шумо то ба он дараҷа нарасидаед, ки пирафшонӣ кунед. Ҷавонафшонӣ кунед.
— Ман дар навиштан пирафшонӣ мекунам, дадо. Ҷуз нависандагӣ шуғли дигар надорам. Дар соҳайи савдо, ҳатто пули дастамро дуруст шумурда наметавонам. Ва баройи навиштаҳоям тамаъу таманно надорам...
Маро бурд хаёл ва ҳамраҳонамро фаромўш кардам. Бояд зудтар расам ба дидори бародар. Боз чунин сўҳбатамон идома ёбад.
Нонавиштаҳо зиёд, бояд бинависем. Ў ғазал гўяд, ман романи «Зиндадаргўр»-ро давом диҳам. Ў бихонад романи маро, ман бинолам ғазалҳойи варо. Ў бинависад сарсуханҳо, чунон ки ба китоби Раҳим Масов «Тоҷикон: таърихи бамўҳр, «сирф сиррӣ»»
ва «Хуросон аст ин ҷо»-йи Муҳаммадҷон Шакурӣ. Ў ваъда карда буд дар сўҳбати дўстон, ки ба китоби «Достони писари Худо» низ пешгуфтор менависад. Иншооллоҳ бояд бинависад. Танҳо ў метавонад бинависад чунин асарҳоро кушоишнома. Фақат ў мерасад ба умқи сухан, ў фаҳму идрок дорад ва фаросоташ кифоя мекунад, ки довар бошад. Ман бисёр чиз омўхтаам аз ў, ҳатто забон...
— Номи ин шохоб Сиёма, ако!
— Медонам. Лоиқ гуфта буд. Ҳатто маъниашро ҳам гуфта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор