Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Биёед аз миёни ҷувол арра кунем, ако!
— Ба чӣ арра мекунем? – фикр накарда, бадоҳатан пурсидам ва зуд ба сарам зад, ки андешаамон афандиёна.
— Ман кордча дорам.
— Коре бикун, замину замонро гандум гирад.
Ў андар андешайи ҳазломези худ буд, боз хандид:
— Хайр, нимаша имсол орд карда хўрем, ними дигараш соли дигар мерўяд, хўшачинӣ меоем, дар ин ҷо қисса мекунем, боз осиё меравем... Муфт халос мехўрем аз ин азоб.
Ин замон хар майли хестан кард. Лоиқ якбора худро бар сари он андохта, пахш кард, то нахезад, ки боз баройи хобонданаш зўру ташвиши зиёд лозим мегардад. Ман ҳам вазн бар пушти ҷонвар андохтам. Ва донистам, ки ҷонвар дам гирифта, нерў ҷамъ оварда ба по шуданист, то раҳо гардад аз шиканҷа. Ҳамчунон ба ҷунбидан имкон надода, ҷувол бар он гардонидем. Аз ду тараф мувозинат сохтем ва Лоиқ ба сиёсат садо баровард: «Иххх!!!» Хар ду дасти қатгаштаро рост кард, вале пойҳойи пасро бардоштан бо он бор осон набуд. Аз ду канор ҷуволро мебардоштем, аммо касе намерасид, ки аз думи хар дошта бардорад. Лоиқ сар аз таги ҷувол гузошта мебардошт ва сиёсат мекард: «Иххх!!!» Ё зўраш набуд харро ё садойи кўдаконайи Лоиқро писанд намекард: «Иххх!!!»
баробар садо баровардем дуру дароз, ки комамон хориш кард. Хар ҳам тамоми рагу пай як ҷо карда баробари садойи мо зўр зад ва пойҳо рост кард. Мо баробар нафас баровардем: «Уффф!!!»
Ва гуфтаниҳойи зиёд дорам аз эҷоду рўзгору бародариву ҳамроҳиву дўстиву ҷўрагӣ, вале гуфта наметавонам ба ҳамроҳонам.
Зеро онҳо маъниҳойи чандумдараҷайи суханро мефаҳманд. Ва чизҳое ки мо медонем, дар фарҳангу луғатномаҳо андар дараҷаҳойи охир бувад ва ё набувад. Ва ин чизро борҳо муҳокама кардаем ҳамроҳи Лоиқ. Иншооллоҳ сиҳат-саломат ба дидори ў расем, ҳамаро якояк ба худаш мегўяму мешунавам ва бори дигар ҳаёти чилу шашсолаамонро такорў мекунем; беҳтарин лаҳзаҳоро ёд меорем; Лоиқ боз он ҳарфашро такрор мекунад: «Зиндагийи хуб гузаронидем. Ҳар чӣ мехостем, шуд.» Ў зиндагийи худашро дар назар дорад: он чӣ мехост, мекард. Аз чизе ё аз касе ё аз партияҳо наметарсид. Дар ҳар ҳолат суханашро мегуфт; хубу бамавриду баҷо ҳам мегуфт ва роҳи гурезу баромадашро низ медонист. Сухани касеро намехўрд, ҷояш буд, ки мо ба ҷойи ў метарсидем ва ё аз фарҷоми нохуши он ҳарф меҳаросидем. Вале Лоиқ парво надошт ва баъзан моро сарзаниш мекард: «Мо аз касе муттаҳам нестем, дуздиву тозӣ надорем, ҳақи касеро намехўрем. Ба қавли Боқӣ Раҳимзода «халтураамон ҳалолтар аст аз музди нопоки дигарон».
Зеро мо хоб ҳаром мегардонем, то луқма ҳалол кунем. Дигарон хоби ҳалол мераванд, то луқмайи ҳаром ёбанд. Пасон баҳс зиёд мешуд ва ў мефармуд: «Ба номи худо, ҳалолтарин ва поктарин касон мардуми мо».

пешина
аз 428
навбатӣ