Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чашм чаронд ва сар афшонд: «Пок... пок...» Ў дигар чизе нагуфт ва шарҳ ҳам надод...
Балки сигарет бар лаб андешаманд буд; яқин дар борайи қисмат, тақдир ва байт, мисраъ, калима, ибораву ифода фикр мекард:
«...Вагарна сад қадаҳ н-афтода бишкаст.» Гарону сангин, вале шунаво ифода кард ў. Баъд ба ман рў овард: «А?... Нигаҳдорандаат некў нигаҳ дошт...»
— Оре, ман сари варта чун ашки сари мижгон чунин андеша доштам.

Мурғак давида буд аз таъсири ҳикоятам андар пўстам ва танам суст гашта арақ пахш кард. Ҷовидон аз чунин ҳолатам дар ташвиш афтода, латтайи тари мошиншўйиро гирифта арақи пешонӣ ва гарданамро пок кард.
— Шумо дигар намемуред. Худо, ки аз чунин вартайи марг нигаҳ доштааст, умри дароз хоҳед дид.
— Рост, – тақвият дод сухани баччаро Қоришариф ва афзуд:
– Сухани кўдаки бегуноҳ ойинайи ҳақ.
— Дада, дада... амакам сиҳат шаванд, боз шоҳмот бозӣ мекунетон, то рўз ҳамроҳатон мешинам...
— Иншооллоҳ...
— Чӣ хел амакам дасташона ба сарашон мемоланд, дада...
— Чӣ хел?
— Ҳар бори донаро рондан даст ба сар мебаранд ва мўйи сар сила мекунанд. Ҳар бори бурдан ё бохтан як пиёла арақ мехўранд.
— Шумо чӣ кор мекунед, дадаҷон?
— Ман завқ мебарам аз бозийи шумо, механдам ва «Э-э-э»
гуфта мемонам, ки гашти ман хостаро намебозетон.
Бале, мо то рўз менишастем. Шоҳмот бозӣ мекардем. Ба навбат якдигарро мебурдем ва гоҳо ягон хол каму зиёд мешудем. Лоиқ ҳар гоҳ гўшайи чашм мекард ба шиша, ки боз чӣ қадар мондааст.
Ва даст ба сар бурда сила мекард ва чашмон хуморӣ дошта дар ҳолати мастӣ ҳам гашту сипоҳрониро, филбанду рухгардон, аспмот ва фарзинкуширо хуб ба ҷо меовард:
— Бо мо шоирон шўхӣ накунед. Устод Турсунзода қаҳрамони шоҳмоти ҷаҳонӣ Микойил Талро мот кардагӣ.
— Вале шумо наметавонед қаҳрамони шоҳмоти хонагиро мот кунед.
— Наметавонам? Чӣ хел наметавонам? Ҷовидон, аҳволи дадатро бин. Мот!
— Не, амакҷон! Шумо фарзина дар чашми фил партофтед.
— Ту гуфтӣ, Ҷовидон. Ҳисоб не, аз дигар. – фарзинро ба ҷойи аввалааш бозмонда гуфт Лоиқ ва бо асп пеши роҳи филро гирифт.

пешина
аз 428
навбатӣ