Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ба ҷуз Худованд касе маро наметавонист пару бол бахшад ва ман мурғона: сабук ва чолок аз навда ба санг ҷаҳам, аз санг ба бутта ва рўйи замин пой гузорам.
Метарсидам аз зери пойи рост, ки партов набошад ва ковок.
Ва боз ҳамон ангуштони фурўрафтабахок, ки сурати мисмори чаҳоррешаро доштанд, муттакойи ман буданд; ҳама вазнро бар онҳо андохта, тани на чандон гарони хешро боло мекашидам. Ва хаёле ба чашмам меафтод, ки Лоиқ ба ҷойи ман пошнайи пояшро ба комайи сохтааш сахттар, маҳкамтар мегузорад ва тира мекунад, то пойи ман устувор ва барҷо бошад. Вале зонуяш меларзад. Сахт гузоштани пояш маро рўҳу нерў бахшида буд, вале ларзайи зонуяш ба танам ларза овард. Акнун мадор лозим буд маро: дасте мебод, то дастамро гирад. Ва низ дасти Лоиқ намерасид бар дастам.
Вале ў хам шуда аз нўки шолвори кабуди пахтагин медошт, ки наҷотбахши ман бошад. Ман дар ҳамон ҳолат ҳам ғамхори Лоиқ будам, ки пояш наларзад, налағзад. Хондам ларзон:
«Ғамхору ғамшарикон аз мўйи сар зиёданд,
Аммо ба гоҳи сахтӣ ҳозир дасти Лоиқ».
— Аввал буроед, аввал буроед...
Ва ман буромадам. Шукр Худоро! Вале ҳолиё нарасида ба Лоиқ; танҳо чун тифли навпо чорғов будам ва адири ноҳамворро сахт медоштам, ки замин аз зери дасту поям мегурехта бошад.
— Дор...
Ин садойи нарм буд, аммо ларзон. Нигаристам сўйи Лоиқ:
дасти росташ ёзида буд сўям. Аз чунин аҳвол мани нав аз модар омада ва чорғов гашта, мисли тифли навпо ларзида-ларзида қоматамро дуто дошта, низ даст дароз кардам. Дастонамон гўйӣ кафшер гаш танд ба ҳам. Умеди зиндагӣ пайдо шуд. Ва дар чашмони Лоиқ ашк ҳалқа зад, ки дар умрам надида будам. Ман напурсидам ва ў нагуфт, ки ин ашк чӣ ашке буд. Қоматам рост шуда буд. Аммо пойҳойи сермўйи Лоиқ дароз, пайпоқҳо буҷулаки пойро пўшида буд ва пошнайи кавшаш тақрибан ду ангушт фурў рафта ба комайи сохтааш. Ў ҷунбидан намехоҳад. Ва дасти маро раҳо намекунад... Дарёфтам, ки замони ҳарра шудани ман Лоиқ дунбамол то ин ҷо омадааст бо ҳаяҷону изтироб ва ҳоло илоҷи ҷунбидану бозгаштро андеша мекунад. Илоҷе карда паҳлў гузаштам ва ҳанўз дасти ўро сар надода пой кўфтам; зери поямро сахт кардам ва гуфтам:
— Поятонро паҳлўйи пойи ман гузоред.
Ва хандид Лоиқ. Баъд гирист...
Шолвор сари китфи чап андохт. Даст аз дасти ман кашида, оташ гиронд гўгирдро, сигарет афрўхт ва дудашро сар дода ба атроф, лаби бора, варта, ҷаҳаннам, новайи обшуставу тез, ба он сўйи дара, роҳи рафтайи мошини Амирбек...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор