Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Не! Серка ду хоя дорад, аммо ба буз фойида надорад. Аз ин рў мекашанд.
— Айби худи серка, Лоиқ. Гапро зиёд кардед, рафтем...
— Аз ҳамин ҷо-я. Аз ҳамин ҳавойи тоза-я? Ин ҳавойи Душанбе не, ҳавойи ағбайи Анзоб!
«Ушшоқи Душанбе»-ро бинвишта пушаймонам, Дирўз ватангаҳ буд, имрўз бизангоҳ аст.»
Бо ҳамон суръате, ки фарозро баромадем, нишебро мефаромадем. Роҳзанҳо набуданд, ҳатто он милисаҳойи бадтар аз роҳзан, ки болотар аз деҳайи Зиддӣ паҳлўйи вагони оҳанӣ манзил карда буданд ва аз ду тараф навбати тафтиш меоростанд. Замони бозаргонӣ; хоҳ-нохоҳ, баройи зудтар аз назди онҳо дафъ шудан пул медиҳанд. Соле қабл чунин шуда буд: аз Панҷакат меомадем.
Мошини моро дар паси «Камаз» манъ карданд. Милиса ҳуқуқномайи ронандаро чапа дошта мехонд ва дўғу даранг дошт, ки дар мошинат чӣ дорӣ? Ҳарчанд мегуфт, ки картошка дорам, милиса бовар накарда овоз баланд мекард. Бо мошинҳойи пеш банд буданд, моро намепурсиданд. Нигоҳ доштем: ронандайи «Камаз»
пул баровард. Милиса «кам» гуфта ноз кард. Ронанда боз пул баровард. Милиса сар ҷунбонда ноилоҷ гирифт. Ва рафта тори кати чўбӣ ба пушт зад. Арақшор буд.
Милисайи дигар омад назди мо. Лоиқ дўғ зад:
— Ин чӣ тартиб?
— Тафтиш.
— Баъд, тафтиш баройи пулгирист?
— Кӣ пул гирифт?
— Ана, он ки ба пушт задааст.
— Худаш медонад, ман пул намегирам.
— Нагирӣ, чаро медорӣ? Ин қадар мусофиронро ба ташвиш меорӣ?
— Бра, ака!
— Ман баройи худам намегўям, ғами мардум ғами ман аст:
«Шумо шикастабаҳоён, маро чӣ медонед?»
Чун мошини мо тоб хўрда, аз паси мошинҳойи зиёд пеш рафт, ман қиссайи халтайи чормағзро гуфтам:
«Порсол, баъди ба Хуҷанд даромадани Маҳмуди Худойбердӣ, ман аз Панҷакат меомадам. Тафтиш аз Дашти Қозӣ сар шуд. Вале дар сероҳайи Хуҷанду Панҷакату Душанбейи ноҳияйи Айнӣ мошини маро дошта ба кофту коб даромаданд. Тубрайи чормағз буд.
Командир фармон дод, ки корсон биёранд. Корсон оварда пур аз чормағз карданд. Як сарбоз каллапўшашро пур кард, дигараш ба киса андохт. Қисса кўтоҳ, то сари ағба як дона чормағз намонд.
Дар пости Майхўра, ҳама чизро такорў карданд, сарбозе пойи кабкро дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор