Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Вале тоҷикон роҳашонро меёбанд, ако. Касе, ки сангро сўрох карда пеши роҳашро кушодааст, дер ё зуд ба шоҳроҳи олам хоҳад баромад. Аммо бахилро дар ду олам гўр танг аст...
— Ҳамин хел-у, сарсониро намегўед, ба тўю азойи наздиктарин кас нарасиданро намегўед... Ин хел мумкин нест. Дар ягон харитайи олам чунин нест, чунон ки дар сарҳади Тоҷикистону Ўзбакистон. Тоҷикон баройи ўзбакистониҳо аз аҷал ҳам батар метобанд. Лекин дунё ба як ранг намемонад. Мо таърих дорем ва медонем, ки чӣ бурду балоҳое ба сари халқи мо омад ва ҳоло ҳам аз бурду бало холӣ нест. Вале коре, ки ўзбакҳо мекунанд, дар ягон «боҷгирон» намегунҷад...
— Шоирон мегўянду Афзалшо ҷаҳр меандозад, ки «Ҳам Са-
1 марқанд, ҳам Бухоро, бахудо шаҳри ман аст...»
— То замоне, ки «Калашников» дар Тоҷикистон ҳукмрон буд, ман ақидаамро ба касе гуфта наметавонистам. Ҳоло ҳам ҳама андешаамро гуфта наметавонам. Аммо ба нақби Анзоб як ақида дорам: агар ҳамин нақб канда ва роҳ сохта шавад, тоҷикон ақл дошта бошанд, бе ҳеҷ қарор ин роҳро «Нақби Раҳмонӣ» номанд.
Шоҳкориҳойи бузург яке сулҳи тоҷикон, дигаре ҳамин роҳ. Гуфти шумо, ако, тоҷикон аз азоби гўр халос мешаванд.
— Иншооллоҳ...
— Ако!
— Лаббай!
— Ҳамон рўзе, ки моро дар рў ба рўйи кони Ҷикрўд парронданӣ шуданд, Лоиқ ҳаққи қалам гирифта буд ва як дарза пулро дар пешкиса андохта раҳораҳ тақсим мекард. Ба ҳамин ҷо расидем. Ҳамроҳи Ҳасанбой, ҳў ба он хоначайи сари ағбайи Анзоб даромаданд. Садтойӣ карданд ва Лоиқ ба соҳиби он хонача пулро дода гуфт:
— Номат чӣ? Ҳа, Хуршед. Дар қабати ин сангҳо ин номро аз куҷо ёфтӣ? Хуб. Беҳтарин ном... Хуршед, ҷўра, ма, ин пулро гиру то бозгашти мо як серка харида бонӣ бикун. Мо баргашта, дар ҳамин ҷо он серкайи берўзийи аз ҳама чиз маҳрумгаштайи ахтакардаро мехўрем ва... Рўйи одамӣ сиёҳ... Намегузорад, ки ҳайвон кайфаша кунад... Ахтааш мекунад... Рўйи одам сиёҳ... Рўйи ин ҷонвари бахили тангназари сиёҳдили кўри муттаҳами ҳаромхўри ҳайвонхўри қотили одамкуши бузургтарин ҳайвон; ҳайвони боақл, интиқомҷў, қасдситон; баъзан нокас, баъзан қотил, наснос. Ёфтам:
2 наснос... сиёҳ. Аз ин зўраш намешавад... рўйи наснос сиёҳ!.. Хуршед! Гир пула! То мо омадан ҳамон серкайи гуфтагиамро тайёр бикун! Серкайи кашидагӣ...
- Аз Достиев
- Ҳайвонодам — Серка, ки шуд, кашидагӣ мешад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор