Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Кошкӣ ҳар рўбоҳ ин чизро дарку фаҳм мекард.


Гули баҳман рўйида буд андар канори роҳҳо, андар миёни боғҳо, талу теппаву ёлаву ёнаҳо. Вале то шукуфтани гули наврўзу сияҳгўш вақт буд. Ҷавонони бедор шеърҳойи наврўзӣ навишта дар рўзномаҳо чоп мекарданд ва талаб доштанд, ки Наврўзи Ҷамшедӣ ид карда шавад. Ва даҳон ба даҳону гўш ба гўш ин майлу талабу армон то боргоҳ расида, фол дидаанд ва қуръа ба номи ситорагони навтулўъ афтидааст ва устод Мирзо Турсунзодаро ба сўҳбат хондаанд. Устодон як бор ҷавононро гирд оварда гуфтушунид карданд ва донистанд, ки ҷашн гирифтани Наврўз ногузир аст ва ба қабули котиби аввали Партияйи коммунистийи Тоҷикистон Ҷваббор Расулов рафтанд ҳамроҳи Боқӣ Раҳимзода ва баргашта оварданд; аз боло – Комитети Марказӣ эрод шудааст, ки Наврўз иди динӣ ва ҷашн гирифтани он зарурате надорад. Ва буридаанду дўхтаанд ва устодон розӣ шудаанд, ки Наврўз нагўянду «Сайри лола» ном диҳанд ва иди баҳору меҳнат гуфта сайру гашт кунанд.
Бино ба овардайи устодон чунин суханҳо низ шудааст, ки ҷавонон аз худ рафтаанд, каме инони эшонро кашидан лозим. Ба ҳамин ҳам мо хурсанд шудем, ки иди дар шаҳр қариб аз миён рафта, ба шакли дигар бошад ҳам, ҷашн гирифта мешавад ва мо наврўзиҳо мегўем. Ва шеърҳойи наврўзӣ ба миён омаданд, «Наврўзнома»-йи Хайём чоп шуд ва аз «Шоҳнома» дар боби Наврўз бобҳо мехондем ва ман онро низ «Шоҳномахонӣ» номида будам. Ба тадриҷ Наврўз аз нав зинда шуд (ҳарчанд дар водийи Зарафшон ҳеҷ гоҳ намурда буд, мардум хонахез ба наврўзгоҳҳо мебаромаданд) ва «Наврўзномаҳо» пайдо шуд ва нашриёт ҳар сол як китоб мебаровард. Дар ҳама ҷамъомадҳо фаъолтар Лоиқ буд ва шеърҳойи хубро ў мехонд ва суханҳойи нағзро ў мегуфт. Наврўзгонӣ мехўрд бо дўстон.
Шўҳрати Лоиқ рўзафзун буд. Бонувон ҷойи Сапедаро гирифтанӣ мешуданд андар дилу дидайи Лоиқ. Ва мехостанд шоир барояшон шеъре бигўяд. Вале Лоиқ Сапедаро бо касе иваз намекард:

«Ту ҳар бор занн мебарӣ, рашк мекунӣ,
ки гўё аз ту рафта бошам.
На! На!
Беҳтар он аст, ки аз дунё биравам,
то аз ту бесару садо биравам!
Ман аз ту нарафтаам,
ту ҳам аз ман нарафтаӣ, ману ту мисли шохоби як рўд, як рўди кўҳистони мо алҳол ҷудоем, аммо дар ниҳоят бо ҳам моем, ҳамшўр мешавем, ҳамҷўр мешавем.

пешина
аз 428
навбатӣ