Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй тобонтарин шўълаи ишқи инсонии ман!
Саропои вуҷуди ту мисли рўзи нав, мисли созу сўзи нав, чун тулўи бахт, тулўи ишқ, мисли мардумаки чашмони ту пок аст ва мисли табъи ман бебок аст!»

Гоҳе ки Лоиқро бо қатора ба хидмати ҳарбӣ гусел карда, мегиристам, аз дилам мегузашт, ки шоир меравад, соҳиби адабиёт меравад. Ва ҳоло ин порайи «Қасидае баройи Сапеда»-ро хонда мегўям, ки Лоиқ шоири оддӣ ва ё нозиме нест, балки баланд аст ва ҳар кас натавонад чунин гуфтан аз як чизи оддӣ. Ман бояд ўро эҳтиёт кунам. Ман нанависам, боке нест, аммо Лоиқ бояд бинависад. По ба по мегаштам бо ў. Ба ҳар давра намегузоштам равад, аз ҳар нишасти нофор бурун меовардам, аз сўҳбати мунофиқон мекашидам, аз гуфтугўйи ҳасудону ғаммозону дасисабозон ва дурўяҳо ва даллаву даллолҳо дур мекардам. Ва баъд санги маломат меандохтанд бар ман, ки «фулонӣ» аз сўҳбату нишаст бо «мо» ор мекунад ва Лоиқро аз назди мо мебарад. Аммо саҳлу осон набуд Лоиқро аз он давраҳо дур кардан. Яке шилқине, ширамасте, нохондамуллое, бадхўе, худнамое ва монанд ба инҳо... ўро дами дар ё андар миёни роҳ медошт; қадаҳ дар даст. «Як ширин кунед»
мегуфт ва Лоиқ ғазаб дошта бошад «Киро ширин кунам?!» мегуфт.
Ва он кас ҷомро дароз карда ё шеъри Лоиқро ситойиш мекард, ё ҷавонмардиву мардонагиро мегуфт ё аз сухандониаш, шеърашу мазмунаш ёд мекард ва ё арақхўриашро месутуд. Ва Лоиқ аз давра бурун рафта бошад ҳам, аз лофу газофу ёвагўйиҳойи гоҷҳойи худнамо дур нарафта буд. Худашон ба сад илтимос, зорӣ, тавалло ва хоҳиш арақ мехўронданд ва ҳамон зайл дар кўчаву бозорҳо ҷор меандохтанд, ки Лоиқ фалону калон. Зеро касе, ки ўро намедонад, дар борааш чизе гуфта наметавонад... Аммо баъд як «а»-йи гуфтайи ў сиву ҳафт ҳарф мешуд. Ва аммо Лоиқ ба ҳеҷ кадоме парво надошт, дониставу хоставу тавонистайи хешро мекард.
Ва ў баъзан ба варақҳойи сиёҳкардаам (қиссайи «Занги аввал») нигариста сар меҷунбонд ва мегуфт: «Забонат шеърмонанд. Шеър нависӣ чӣ?»
— На, шер навиштан на кори ҳар рўбоҳест, – қасдан «ъ»-ро партофта талаффуз мекардам ва ў мефармуд:

пешина
аз 428
навбатӣ