Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оне ки аз кор фориғ шуда сўйи майдони Иттифоқи нависандагон чавгонбозӣ мерафтем, оҳиста ба ў гуфтам: «Тағодухтар намешавад?»
Лоиқ чӣ тахмин дошт, ки зиёд андешид ва гуфт:
— Намешавад. Аз он даргоҳ нону намак хўрдам ва рўям намешавад, ки ин масъаларо ба миён гузорам.
— Як бор фаҳмам?
— Беҳуда.
— Он ҷо рафтан беҳуда, мегўед. Духтарҳойи шаҳрро писанд надоред, намешаванд, мегўед.
— Духтарҳойи шаҳр мешаванд, рашки мову шумо намешавад. Диламон танг, назарамон танг... онҳо озодӣ мехоҳанд, кори дилашон хостаро кардан мехоҳанд. Мо тоб оварда наметавонем.
Рашкамон аз рашки Отелло ҳам зўртар. Дигар ин ки духтарони шаҳрӣ моро кўҳистонӣ ва қишлоқӣ гумон мекунанд. Чанд нафарашонро гўш кардам, ки кўҳистониҳо ақлу дониш доранду фаросот надоранд, мегўянд. Ва баръакс мо гумон мекунем, ки духтарони шаҳрӣ нозпарвару сояхусбанд ва дасташонро ба оби хунук намезананд. Ба мо зане лозим, ки ҳам хидмат кунад ва ҳам нозамонро, рафторамонро, вазнамонро бардорад.
— Вазнатонро ҳама гунааш мебардорад, вале нозу нузатонро на ҳамааш... Ба ҳар ҳол ман таваккул мекунам ва бахтатонро месанҷам...
Ва санҷидам: ҳамроҳи модархондамон рафтем ба Панҷакат.
Ҳавлийи Қутбиддин Раззоқов яке аз боғҳойи биҳишт буд. Гулзор, барҳаво, дилкушо; ҳама гуна гул ва ҳар навъ дарахти мева месабзид. Муаллим набуданд. Хоҳарашон муаллима аз омадани мо он қадар шод набуд. Намедонам масъаларо фаҳмида ва ё нафаҳмида, ба ҳар тақдир бо мо туршрў буд. Ман дарёфтам, ки масъаларо кушодан суде надорад. Аммо модархонд «омадем, бахтро месанҷем» гуфт.
— Муаллим кай меоянд? – пурсидам аз амма.
— Муаллим намеоянд, курорт рафтагӣ, – гуфт ва ҷигот гиронд.
Ва ман хомўш мондам. Ва чӣ зебойие ин боғ дошт, ки чашм чарондам. Лоиқ солҳойи дар омўзишгоҳ хонданаш ҳо дар он ҳуҷра умр ба сар мебурд ва меваҳоро мечид, заминҳоро побел ва барфи рўйи бомро бел мекард. Фармудаҳойи ҳамин аммаро низ ба ҷо меовард.
— Апаҷон, Лоиқ писари нағз, – модархонд бо ҳамин ифода
1 ҳама чизро дар ҳаққи писари «эрка» гуфтанӣ буд.

  1. Яке аз чаҳор писархонди модархонд Ҳабиба: Аълохон, Абдунабӣ, Лоиқ ва банда.
пешина
аз 428
навбатӣ