Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ман «ҳамин хел» гуфта пиёлайи чойро боло кардам.
— Чӣ хел, ҳамин хел?
— Падарам дар синну соли ман об гуфта шароб мехўрдаанд.
Рўзе, ки ман ба омўзишгоҳи шаҳри Панҷакат ба хондан рафтанӣ шудам, падарам наздашон шинонда насиҳат карданд ва фармуданд «Писарам, рўзҳое буд, ки ба ҷойи об шароб мехўрдам. Ҳеҷ суде надидам. Ягона хоҳишам ин аст: арақ нахўрӣ, папирос накашӣ.»
— Ва ҳар писар насиҳати падарро ба ҷо оварда наметавонад.
Баройи Сорбон!
— На, устод, баройи шумо. Шумо мактаби олийи адабиро дар шаҳри Маскав хатм кардед. Чӣ будани адабиётро медонед.
Мо пайрави шумо. Шумо сиҳат бошед, моро аз лағзишҳо нигаҳ медоред.
— Якта баройи Лоиқҷон гирем, – намедонам ин баҳона буд ва ё ҳар касро як-як ба навбат ситойиш кардан лозим меомад.
— Аҳҳҳ... Як бурида дунба мешуд, пеш аз шароб таҳкурсӣ...
«Афсянка!» хитоб карданд устод Фазлиддин ва пурсиданд, ки дунба дорад. Пешхидмат дунба овард ба тақсима ва Лоиқ ба касе муроот накарда ба даст гирифта газид ва баъд шароб ошомид.
Пасон талхийи майро аз даҳон дур карданӣ шуда даҳон кушод ва фармуд:
— Касоне ки фишори баланд доранд, дунба намефорад.
— Ош шавад, – баробар гуфтанд занҳо.
Дегчапалов омад. Ҳар касро дегчайи ҷудогона. Ба тақсимаҳо гардонда пеш меовард пешхидмат ва бўйи зираву сиру ҳаври палов дам зад. Хушбўй, иштиҳо афзояд.
— Ин хел будаст, ки ҳар рўз дегчапалов, гуфта, медавидаед.
– завқ карданд Иноятхон ва Истадхон фармуданд:
— Мо ҳам ҳар рўз меоем.
Ва боз барф дона кард. Рўйи роҳҳойи яхбастаро пўшид. Лағжонтар шуд. Чун устод Фазлиддин ҷудо шуданду мо сўйи идорайи радио мерафтем, барфзанак кардем. Бозӣ тўл кашид ва Лоиқи сархуш аз бари палтойи ойтиҳо дошта рўйи роҳ сари пой нишаст, то вазза кунанд. Апаҳо гуфтанд, яке райис бинанд, хуб намешавад ва аз ду дасти ў дошта яхмолак кашиданд. Завқ мекардем.
— Сорбон, гиред, зўрам намерасад, – фарёд заданд Истадхон.
– Чунон зўр, киии...
Ва баъди ғеҷ-ғеҷаку хандаву бозӣ даромадем ба идора. Боз масъалайи зангирийи Лоиқ ба миён омад. «Н.» «М.» Мегуфтанд ойтиҳо ва мехостанд, ки ба ягон хонадони машҳур ё дастдоре Лоиқ хонадор шавад, рўзе дастгирӣ кунад.
«Намехоҳам, ки маро домоди Фулонӣ ном баранд, ман бояд Лоиқ бошам!»
Ва масъала ҳал: Лоиқ аз шаҳридухтарон зан карданӣ нест.

пешина
аз 428
навбатӣ