Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ойтиҷон, ҷамоа ва кас дар ягон замон касеро ҳимоя накардааст, вале куштааст, – ба сухан ҳамроҳ шудам ман. – Ҷамоа дар тамоми замонҳо тамошобин. Шумо чанд бор гуфтед, ки Толис аз дарди замона худкушӣ кард. Масчоҳ рафта омада, зиндагийи мардумро дид ва «сусиализмаш ҳамин гуна бошад, ман дар чунин ҷамъият нахоҳам зист» гуфт. Ҳар кас бояд хешро ҳимоя карда тавонад.
— Камтар кор кунед ва аз «номдорон» зўртару зиёдтар чизе нависед, баъд мефаҳмед.
— Шутур бузург, захмаш низ бузург. – афзуд Лоиқ.
Боз садо дод гўшаки телефон.
— Сорбон, шумоя.
Ман гўшакро мегирам. Ҳама хомўш мемонанд ва гўш медиҳанд, ки ман чӣ посух мегўям: «Не... Ҳа... Не-не-не! Бале... Бале-бале...
Вай? Зангирӣ... Ҳамин хел. Падару модараш арўс пайдо кардаанд, рафт... Дурўғ. Ман медонам, ки... ман медонам, ки ў ба касе ваъда надодааст... Ман?.. Ман зан дорам... Кўдак ҳам...»
Ва Иноятхон гўшакро аз дасти ман кашида гирифта, боз даҳони гўшакро бо кафи даст мепўшонад ва гўш медиҳад ва ҷониби Лоиқ ба ишорайи лабҳо мегўяд: «Гиря». Ва оҳиста гўшакро бозмегузорад.
— Ин хел намешавад. Ба Лоиқҷон арўс бояд ёфт.
— М. намешавад?
— М. ҳам нағз, Н. ҳам мувофиқ.
— Шумо табъи Лоиқҷонро намедонед, – ҳамроҳ мешавад Ҳалима. – Ман-ба бошад, ягон артискайи хушрўйи нозанинро гирад.
— Раққоса бошад, боз беҳтар, – луқма медиҳам ман ва таги
1 дилам ба куҷоҳо меравад; меафзоям: – Ба Отелло духтарони шаҳрӣ мувофиқ нестанд. Рашкаш сахт. Намунааш гўшаки телефон. Писар бояд духтарро ҷўяд. На ки духтар писарро.
— Ромео, – хитоб кард Насибулина. – Дигар гаштани замонаро бинед: шумо – Ромео, Лоиқ – Отелло, Иноят – Ина, Истад – Ира...
Як мани тотор – Ҳалима.
— Ҳалима-ойтӣ, ҳоло мурод як чиз: ба Отелло пайдо кардани Дездемона, – ҳазломез мегўяд Лоиқ.
— Лоиқҷон, саросема нашавед. Зан намегурезад. Биёед, ман овози шумоя ба навор сабт кунам, ҳамроҳи як духтари хушрў.
— Ҳусни духтару овози маро сабт мекунед?
— Овози ҳардуятонро. Рубойиҳойи халқӣ мехонед.
Ва мехонанд:
Лоиқ: — Сабзиназанак, аз шўт бурову мана гир...
Ҳалима: (аз боло дод зада.) Лоиқҷон! Ин чиз дар матн нестку?!

  1. Дар ҳуҷҷатҳо Лоиқ Отелло имзо мегузошт, ман Ромео.
пешина
аз 428
навбатӣ