Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Валекин боз медўзӣ ту дастархони гулдўзӣ,
Ки рўзи маърака дар байни мардум обрў гирӣ,
Чӣ дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!»
— Ҳама ин расми тоҷикиро медонем ва аз сар гузаронидаем, вале шоири ҷавон ин нуктаҳоро ва ин нуқтаҳоро дида ва ба зеҳн гирифта тавонистааст ва дар шеър хуб ифода кардааст. Ва шояд минбаъд аз ёд хондани шеър расм шавад... Лоиқ бо ҳамин шеъраш чун узви Иттифоқи нависандагон қабул карда шавад...»
Ва онҳое низ мехостанд ва ё намехостанд, каф кўфтанд. Аз ҳамон лаҳза бо дуо ва кушойиши устод Турсунзода шоири ҷавон Лоиқ азизи хосу ом ва адабиёт гардид... Вале ин чиз на ба ҳама хуш омад: шоиртарошоне буданд, ки барори шеъри Лоиқро бохти шеъргунаҳойи хеш донистанд ва ба дасисаву ғаммозӣ гузаштанд.
Ва акнун аз назари сиёсати марксистӣ – ленинӣ, реализми суси-
1 алистӣ ва партиявияти адабиёт ба шеърҳойи ў баҳо медоданд.
Ва боз сухани Устод Турсунзода ёд меояд: «Баройи Лоиқ ёваре зарурат надорад. Ў хешро ҳифзу ҳимоя карда метавонад.»
«—Ало, Лоиқро мумкин?» – садойи пурсиш меояд аз гўшаки телефон ва Иноят Рустамова даҳони гўшакро бо кафи даст пахш карда хандида мегўяд:
— Лоиқҷон, чӣ ҷавоб диҳам?
— Чӣ ҷавобе диҳед, шумо – оча, мо – бачча.
— Охир инҳо шумоя мехўранд, Лоиқҷон. Замони мо ин хел
2 набуд-а, Ира?
— Замона дигар шудагӣ, Ина. Духтарҳо шарму ҳаёро намедонанд.
— Баръакс, духтарҳо пеш рафтаанд, худро шинохтаанд, замона дигар, пешрафт, – ба сўҳбат ҳамроҳ мешавад коргардони шўъбайи адабӣ-драммавӣ Ҳалима Насибулина. – Баъд худи Лоиқҷон ҳам чор кас медидагӣ-дия.
— На, ин хел намешавад, – ғазаб мекунад Иноят Рустамова ва гўшакро бозмемонад. – Мо бояд Лоиқҷонро эҳтиёт кунем. Толис нависандайи бад буд? Мо ўро ҳимоя карда натавонистем. На ман,
3 на Союз, на Партия, на ҷамоа. Ҳеҷ кас ҳимоя карда натавонист, ҳатто худаш бо он қадар хонишу дониш.
- Шояд имрўз аз зиндагон ҷавонмарде пайдо шуда, бигўяд, ки ҳамайи он дасисаҳо аз рўйи дастур буд, фармойиш буд, ғаразҳойи шахсӣ буд.
- Истад Раҳматова, муҳарири шунавониданҳойи драммавӣ.
- Иттифоқи нависандагон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор