Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун аз пахтачинӣ баргаштем, он арўси зеборо дигар надидем.
— Ман ҳам ёд дорам. Мо як синф боло будем.
— Ва омўзишгоҳро хатм кардем. Мо – аълохонҳоро аз Вазорати маориф ба хондан роҳхат доданд: Лоиқ, Абдунабӣ, Муҳаммадқул, Қосимбек, Хайриддин, Холи Шер ва чанд нафари дигарро. Ба як мошини боркаш нишаста, дуойи устодонро гирифта, ба воситайи Самарқанду Китобу Сайробу Сари Осиё ба Душанбе омадем.
Баъди ду шаборўз расидем. Духтарҳо низ буданд. Моро мошин рў
1 ба рўйи бозори «Баракат» фуровард ва яке намедонистем, куҷо биравем. Ронанда маслиҳат дод, ки чойхонайи зебойи «Роҳат»
паҳлўйи он биност. Ва кохи коммунистонро нишон дод. Ҳама борхалтаҳойи пур аз китобро бардошта ба он чойхона рафтем.
Касе чизе намедонист. Духтараки хуштарҳу чеҳракушода, вале рангаш заҳиру лоғар, ки ҳамроҳамон тамоми роҳ хомўшу гирифта ва андешаманд меомад, луқма дод: «Биёед ба хонайи тағойи ман меравем Наздик...» Баъзеҳо розӣ шуданд, бархе на.
Тағойи Зулайхо ҷавони сисолайи лоғарандоми андешаманд моро хуш пазируфт ва баъди пурсу посух моро фаҳмонд, ки мактабҳойи олийи шаҳр дар кадом самт ҷой гирифтаанд; ҳама дар канори хиёбони Ленин ҷайгир будаанд. Ва афзуд: «Имсол Университети давлатӣ даҳсола шуд. Ба ин муносибат факултайи ховаршиносӣ кушоданд...» дигар чизе нагуфта хайрухуш карда куҷое рафт. Мо борхалтаҳоро он ҷо гузошта боз ба чойхонайи «Роҳат» омадем.
Ошнойи падарам Аҳрор Қаробеков он ҷо пайдо шуд ва маро шинохта пурсид: «хонайи Эшонҷонов барам, меравӣ?» Аввал ҳайрон мондам, ки чӣ хел ҳамроҳонамро монда, он ҷо равам. Онҳоро низ ҳамроҳ барем, бародари падарам чӣ мегуфта бошанд.
— Аз рафиқон ҷудо...
— Ғами рафиқонро нахўр, худатро бин...
— Пагоҳ меравам...
— Пагоҳ маро намеёбӣ.
Ва акайи Аҳрор маро ба хонайи Абдулғанӣ Эшонҷонов бурд....
Пагоҳ аз рўйи ваъда ба Университети давлатийи Тоҷикистон омадам. Бародарон ҳама ҷамъ буданд, вале карахт. Ба тақдири мо имсол касони медалдор ҳам, дипломи аъло гирифтагиҳо ҳам ва ба хондан роҳхат доштагиҳо низ ҳам бояд имтиҳон супоранд.
Райиси қабул Темур Каримови уротеппагӣ назди ҳама ваъз мегуфт. Мо арз кардем, ки мувофиқи тақсимоти Вазорати маориф ба хондан омадаем. Раис моро ҷудо кард, диплому роҳхатамонро дид ва фармуд:

  1. Он вақт бозори Путовский ном дошт. Ва баъд устод Лоиқ номи «Баракат»- ро ба он гузоштанд»
пешина
аз 428
навбатӣ