Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Дар соли ту падарам маро ба омўзишгоҳи омўзгорийи Панҷакат бурданд. Аз ман имтиҳон гирифтанд: «Сафедорҳойи Боғи Гарон»
аз они колхоз аст ё аз они давлат?» Каме ҳайрон шудам аз пурси муаллими таърих ва посух гуфтам: «аз они колхоз» ва муаллим лабханд кард. Пас ин ҳодисаро ба падарам гуфтам. Он кас низ лабханд карданд ва фармуданд: «Муаллим иморат мекардааст, чўб лозим»... Ва хондани мо оғоз шуд. Якдигарро шинохтем. Лоиқро аз он ҷо шинохтам. Лоиқ ҷомайи адрас дошт ва ман ҷомайи беқасаб.
Равонашон шод бод, муаллиме доштем Абдуҷаббор Шарифзода; адабиёт дарс медоданд. Аслан аз Исфара, муллобачча будаанд, аз таъқиби «бесаводон» кўҳ ба кўҳ гурехта, омада дар Панҷакат паноҳ бурдаанд ва баъди оромӣ муаллим шудаанд. Инсони нотакрор буданд. Ва ҳамон кас номҳоро дар хотир намедоштанд ва ба ҳар кас ном монда муроҷиат мекарданд: Лоиқро аз рўйи ҷомааш «Адрас, дарсро такрор бикун» мегуфтанд; маро «Беқасаб, вазифа чӣ буд?» мепурсиданд. Ва фармуда буданд, ки ҳар кас дафтари луғат дошта бошад ва ба ман намояд, ҳамроҳ гирифта гардад, дар роҳи рафт ҳам луғат аз бар кунад...
— Ҳамон ҷома, – ҳамроҳ шуданд ако. – Ҳамон ҷома ҷомайи домодийи падарамон. Вақте ки ман як сол пеш ба омўзишгоҳ хонданӣ рафтам, модарам ба ман надод ҷомаро. Лекин рўзе, ки Лоиқ ба хондан рафт, модарам он ҷомаро гирифта, аз нав бурру дўз карда ба тани Лоиқ мувофиқ гардонд ва ўро чун домодча ороста ба хондан фиристод. Модарам Лоиқро дўсттар медошт. Мо ҳис мекардем, ки меҳри модар нисбати Лоиқ дигартар аст.
— Ин чизро худи Лоиқ ҳар сари сўҳбат мегўяд, Ҷамшед ҳам медонад, ман баройи Ҷовидон мегўм, ки донад. Бародарийи моро медонад, аз куҷо часпидани ин ширешро низ бояд донад. Ҳар рўз баъди дарс мо сўйи Қайнар равон мешудем. Ҳар ду ҷомапўш, китобҳо зери каш, аз дарс баромада кўчайи рости шаҳрро сарболо мешудем ва раҳораҳ шўхиҳо мекардем. Ман андаке пештар ҷудо шуда ба хонайи Ҷўрабоева Шарофат мегаштам ҳамроҳи Хайриддин ва Лоиқ ба хонайи тағояш Қутбиддини Раззоқ мерафт. Ҳамроҳамон духтари шаҳрӣ Ҳамроой буд ва моро мебозид. Шўхиҳо мекард, мо баччаҳойи аз деҳот омадаро гўл мезад. Хайрӣ шўху бебок буд ва шаҳрӣ, суханони духтаракро ба даҳонаш мезад ва «кееш!» гуфта чизеро ифода карданӣ мешуд ва мо намефаҳмидем, ки чӣ маънӣ дорад. Дар омўзишгоҳ аҷибтар аз ҳама он буд, ки Эшони Зард арўси писарашонро ба даста мактаб оварда боз мебурданд. То тамом шудани дарс паси тирезаҳойи роҳрави кўча мегаштанд ё ба девору дарахтҳо такя зада менишастанд ва ҳамин ки дарс анҷом пазируфт, чашмбанди арўс фароварда мешуд ва эшон арўсро пешандоз ба хона мебурданд. Моро ба Қарақчиқум
- Боғест дар Амондара пахтачинӣ бурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор