Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз тўрхалтае гирифта аз дарвоза баромад.
Раҳораҳ табассум карда мерафт ў. Касеро ҷўё буд, гўё дар соати муайян ин ҷо омаданашро ба касе ваъда дода бошад... Ў хеле вақт боз бозорӣ накарда буд ва имрўз аз бозор хеле ҳайрон шуд: як кило анор панҷ сўм, ҳол он ки як килои ин ҷонвар ба пули кўҳна панҷоҳ тин буд, ки ҳозир ҳисоб кунӣ, панҷ тин мешавад. Ва ин «мўъҷизаро» ў ким-чи хел пешрафт донист; баробари тараққиёти техникӣ ва илмӣ дигар чизҳо ҳам бояд қадру арзише дошта бошанд... «Ҳа-а, фақат қадри одамӣ паст, ба як тин фурўшанд», воқеаҳои дирўзаро дар назар дошта гуфт ў. Ва нарху навои бозорро фаҳмида, ба маънии табассуми завҷааш сарфаҳм рафт.
«Даҳ сўм барӣ, ба он чӣ харӣ?» гуфта натавониста табассум карда будааст... Даҳ сўм – сад сўми солҳои панҷоҳ, ҳазор сўми соли ҷанг.
Дар ҳақиқат ба ин пул чӣ харидан мумкин аст? Ду кило анор, вассалом. Ҳол он ки Ромиз бозорӣ карда, боз барои Мулло-амак ягон чиз ҳам хариданӣ буд.
Ў хандон сўи бозор рафта, абрўтирифта баргашт.
— Ту чаро вақти бозор рафтани ман хандидӣ?
— Барои бозорравиатон.
— Не, чаро хандидӣ?
— Охир шумо кай бозор рафта будед, ки якбора...
— Ҳеҷ нарафта будам? А? Нарафта будам? Лекин ту барои чӣ хандидӣ?
Саида дид, ки шавҳараш ҷиддӣ мепурсад, қиёфааш дигар шуда ва рангаш парида китф дарҳам кашид: «Намедонам».
— Медонистӣ! Медонистӣ, ки бозор ин қадар қимат, лекин барои маро шарманда кардан...
— Роми-из... – даст боло карда ларзидани шавҳарро дида, рўи сементи назди дар фурў нишаста, садо баровард Саида.
— Хостӣ, ки дар назди фурўшандаҳои бозори зарфурўшӣ масхара шавам! – даст ба сар бурда мегуфт Ромиз.
— Ой Ромиз, ой Ромиз! Ин чӣ сухан аст, ки мегўӣ? Наход ки...
а? Наход ки... Ой, Ромиз... Охир бозорро ман нарх намондаамку!
«Не, Ромиз, гап дар сари бозор не, ту касе нестӣ, ки барои моли дунё, чизу чора ва ё пул бо ман ин хел муомила бикунӣ...
ин ҷо ягон гиреҳ ҳаст... Шояд ба дасисаи ягон кас дучор шуда бошӣ, шояд касе туро бероҳа карда бошад. Ҳеҷ гоҳ аз ту чунин дағалиро надида будам, вале вақтҳои охир, бори дуввум аст, ки муомилаат дурушт... Чӣ камӣ дидӣ? Чӣ гуноҳ дидӣ? Магар поям аз реҷаат берун шуд?.. Ҳар чӣ бошад-набошад, рафторат дигар:
метавонистӣ, ба он пули бурдаат ду кило анор гирию биёӣ, вале тўрхалтаро холӣ овардӣ. Барои ту бегона аст ин кор. Бовар намекунам, ки дилат нашуда бошад; гуфти худат, ки пул мехостӣ, коргари савдо мешудӣ. Вале ту фидоии санъат хастӣ. Ин чизро дигарон надонанд ҳам, ман донам: кӣ будани ту ва чӣ ниятҳо доштани туро ман донам,.

пешина
аз 428
навбатӣ