Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳамаи ин тезиҳо ўро безобита карданд. Вай бо касоне, ки ўро бад мебинанд, тўҳматаш мекунанд, чӣ зайл муомила, рафтор ва гуфтор карданро дар сар такрор карда, дандон ба дандон мондааст. Махсусан бо директор ва боз дар қатори ў Қодиру Нодирро ҳам мегузорад, вале надонад, ки чаро? Рост, надонад. Валек донад, ки муомилаю муносибат ва рафторҳои онҳо нафорад... Асабаш зўр будааст, ки дошт медиҳад, вагарна кайҳо мисли ғози абрешими девазада пора-пора мешуд. Ба болои фикру андешаи зиёд бехобӣ сарборӣ буд, акнун дилаш фишор меёфт ва ў ҳарчанд мекўшид, ки андаке фишорашро паст карда, нафаси осуда кашад, наметавонист, гўё ки як нафаси дароз ва пурра дили ўро метарконда бошад. Ҳеҷ чиз ёрӣ намерасонд ва ў медид, ки рагҳои хунгарди пушти дастонаш таранг шудаанд; аломати баланд шудани фишори хун...
Оташ якбора хомўш шудагӣ барин, ў дар як шаб осўхтасифат сиёҳ шуд. Аз носўхта-осўхта. Ва рўзи дароз чанголи дасти рост аз синаи чап набардошта молид ва оқибат гашти рўз ҳавои гирифтаи дилаш андаке кушод, осуда шуд. Ва якбора мисле ки ба ҳуҷум мерафта бошад, мушт боло кард ва ҳамон зайл мушт муаллақ монд. Дилаш сахт сих зад. Ҳатто ў нафас накашида муддате дам ба дарун гирифт ва мушт нафароварда, оҳиста-оҳиста дами ба дарун гирифтаро сар дод. Сонӣ мушт фароварда лаби кат нишаст. Ва тамоми моҷаро, гапу калоча ва бадхоҳиҳои мардумро фаромўш карда «марги ширин»-и доктор Маъсум Носириро пеши назар овард. Ў медонист, ки марг ширин намешавад, ҳама гуна марг талх аст, вале азоб накашида, касеро ташвиш надода, дар ҷогаҳи худ мурдани одами тандурустро ў «марги ширин» хисоб мекард. Аммо худи ў зиндаю ин қадар азоб мекашад. Ў ба ҷои дигарон ва барои дигарон азоб мекашад, гўё ки виҷдони онҳо низ виҷдони худи ў бошад. Баъди ҳамаи ин, фикр мекунад, ки умри дароз намебинад. Хайр, ин гапи маълум. Тарбузи лалмӣ барин дарунатро хўрдан гирӣ, чӣ хел умри дароз шуданаш мумкин?
Занбўри асал барои он, ки дар зимистон намурад, асали худро хўрад. Мўрча ғами зимистонро дар тобистон хўрад. Вале ў дилу ҷигари худро мехўрад, боз барои ким-киҳо. Агар кинорежиссёр масъаларо ҳал мекард ва Маскав рафтанаш муайян мешуд, аз кор баромада тайёрӣ медид, аммо гапи аниқ нест.
Ў оҳиста аз Саида пурсид, ки бозор рафта чӣ биёрад, то ош пухта ҳамроҳи Мулло-амак нишинад. Саида ҳам гапро аниқ накарда, «ҳа, як бозорӣ карда биёед» гуфту монд.
— Ҳама чиз харам? – пурсид ў, аммо Саида табассум карду чизе нагуфт. Ромиз низ табассум кард, маънии табассуми завҷаро нафаҳмида табассум кард ва ҳамин як табассуми ширин ва дар рухсораи Саида пайдо шудани ҳусн фурсате бошад ҳам ғами ўро рабуд.

пешина
аз 428
навбатӣ