Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Қодир гап занад, охир!»
— Сабури дароз ва «муши мурда»... Ҳой, маъзур!.. Рафиқон, дўстони азиз, иззатманд, гиромӣ... Ҷонишини раиси местком ва мулло Сабур бисёр гапҳои хушрўй гуфтанд... Мо сардори оқилу кордон дорем...
«...рўта сиёҳ накун!» – боз омад овоз.
— ... Не, ман гапи ҳақро мегўям... баъзеи мо аз директор ҳам пештар кор мекунем... Лекин ҳамаро хуб намешиносем. Раисамон дар муддати кўтоҳ бадону неконро шинохтанд, дар кадом шўъба кӣ кор кардананашро хуб медонанд, – гуфт Қодир ва як ба директор нигоҳ кард, ки тораҳои мўяшро ба пешонӣ ҷамъ меоварад ва забонаш саҳле аз зери лабон баромада сўи бинӣ майл мекунад.
– Худатон нигоҳ кунед, чӣ хел роҳбари... (ханда шуд ва Қодир гапашро боздошт). Роҳбар ҳамин қадар мешавад. Вале ҳамин ҷо як чиз равшан не, ки мо киро муҳокима карда истодаем. Ягон касро ё умуман ташкилотамонро...
— Чӣ хел равшан не, баччаҳо гуфта истодаанд-ку! – тоқат накард роҳбар.
Парторг қалам ба обгина зад.
«Подахона нашавад, рафиқон!» – аз зал садо омад.
— Баодоб шавед, рафиқон! – аз ҳайати раёсат гуфт Назира Ойтӣ, ки собиқаи кориаш аз ҳама зиёд буд.
— Ман фикр мекунам, ки дар ин маҷлис масъалаи одоби коргаронро дар ҷои аввал мондан лозим буд, – ба сухан даромад, марди некдил ва ростқавл Пир Азимов, – аз гуфтаҳои рафиқон равшан, ки касеро мазох мекунанд ва ё пичинг мезананд. Бовар кунед, ки хуб нест. Ҳў мегўд-ку сад сўм не, сад рафиқ дошта бош...
Давлатҳои ба ҳам душман роҳҳои дўстӣ ҷустуҷў мекунанд, вале баъзан мо таги пои якдигарро кофта мегардем (толор як ҷунбидамонд). Бешўхӣ...
Гуфтанду гуфтанд, вале ба хулосае омада натавонистанд. Мазмун, мақсади пешакии маҷлис ба ҳама маълум набуд, баъзеҳо медонистанд, вале аз воҳимаи аҳли толор ва ё азоби виҷдон гапашонро рўшод гуфта натавонистанд. Пир Азимов гапро ба дигар тараф кашид, аммо директор гап намезанад, аввал хеле беқарор буд, баъзан-баъзан хандида мемонд, вале ҳоло ранги рўяш канда ва нафас дарун гирифта, дошта-дошта ва баъд ба воситаи даҳони кушода нафаси дароз мебарорад. Лекин аз ҳад безобита, ба биниаш пашшача даромадагӣ барин ангушт андохта мекобад ва бо кафи даст мемолад.
— Боз кӣ гап дорад, рафиқон?
— Гапатон бошад гўед, баъд дар чойхонаю ошхонаҳо миш-миш карда нагардед. – Боз аз байни ом овоз омад.
Раиси маҷлис қалам ба обгина зад.

пешина
аз 428
навбатӣ