Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Маъқул не, мурда барин хунук. Маъқул не, зеро дар замини сард сабза ҳам нарўяд, танўри сард нонро надорад. Не-не, маъқул не! Ў бояд шўрад, бояд дандон ба дандон монда майна ғиҷ кунад, ҷафад, то ба ягон чиз ноил гардад, вагарна майнааш палағда мешавад.
«Дака данг-дака данг-дака данг!» садои нағора омад ба гўши ў ва баъд садои карнай. Одамон як-як бархеста раванд. Ромиз ҳам аввалин бор ба маҷлиси партиявӣ иштирок мекунад, фақат барои кушода буданаш; барои бепартиявиёнро муҳокимаю муҷозо карданашон. Ў парторгро шиносад, парторг хам ўро хуб шиносад ва ҳар вақт сари роҳ таъриф бикунад; ҳоло маҷлиси фавқулодда даъват кардаанд.
Маҷлис сар шуд, Ромиз бепарво менишаст, майнааш ҳув-ҳув мекард, ки кўзаи холиро бар муқобили бод дошта бошад.
«Корхонаамон ҷудо соз буд, ором буд, чанд вақт боз ким-чӣ хел шудааст, ана, вай подахона барин...» – хулоса кард ҷонишини местком, марди айнакии хаппак, ки «муши мурда» лақаб монда буданд ва ҳоло аз баромадаш ҳамаро ҳайрон кард.
«Ҷонишини раиси местком дуруст қайд кард, ки корхонаамон подахона шудааст, – образнок гап заданӣ шуд Сабури дароз, ки рўйҳои сурхи занона дошта, шимкашола мегашт, ҳазор чаламуғамбирро дар муғамбирӣ мехобонд, – бобои Рўдакиамон фармудаанд, ки як гўсолаи рихин подаро меолонад...»
«Пода ки шуд, олуданаш ногузир аст!» касе аз таг луқма дод.
Парторг сарфаҳм ба киноя рафт, ки табассум карда қалам ба обгина зад, то аҳли маҷлис хап шаванд.
«Баъд, рафиқон, сифати намоишҳо рўз то рўз бад шуда истодааст, аз ҷиҳати режиссура албатта, ё гапам нодуруст?» – ба директор рўй оварда пурсид ў. Директор як ҷунбиду гулў равшан кард ва дар дил «падарлаънат, ҳамаро расво кардӣ» гуфт. Ва «воиз» низ ҷумлаҳоро пайҳам чида аз ёд карда будааст, ки аз ин «илтифоти»
роҳбар дасту по хўрда суханашро гум кард ва «ана ҳамин хел, рафиқон, ана ҳамин хел, рафиқон» гуфта оқибат симои худро кушод:
«Мо бояд корхонаамонро аз ин хел олудагиҳо тоза кунем».
«Рост!» – боз садо омад аз байни ом.
Директор хам шуда ба парторг чизе гуфт, ҳаракати дасташ «ин чӣ гап?» мегуфт ва китф дарҳам кашидани парторг «намедонам»
мазмун дошт.
Қодир чанд бор даст бардошт, ки ба сухан барояд, иҷозат нашуд.
«Шумо аъзои партия не!» – хитоб кард касе.
«Режиссёр ҳам аъзои партия не, танқид мекунанд-ку!» – овози дигар омад.
«Рўт сиёҳ ба гапи ёфтаат!» – овози занона омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор