Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рости гап, Ромиз шаби дароз фикр кард, ки Ҷаҳоноро барои чӣ омада буд, ақлаш надавид. То омадани Хола-мулло нигоҳ накарда рафтанаш ҳам аҷиб. Ҳарчанд Мулло-амак гуфт, ки сабр бикун, ояатро дида рав, Ҷаҳоноро наистод, худе ки дар беруни дарвоза касе ўро мунтазир бошад; ин мулоҳизаю хулосаи Ромиз, вагарна Ҷаҳоноро ҳамту аз паи кораш рафта буд. Напурсиданд, ки ў барои чӣ омада буд. Пурсида ҳам нашавад, ҳавлию ҳарами худаш калон шудагӣ, пурсӣ, малол гирад, ки кай боз ман бегона шудаам... «Кошки Мулло-амак мегуфт, ки шаб торик ҳасту ўро гусел кунам» дар дил орзу мекард ў, вале ин хел нашуд.
— Чӣ фикр карда мондӣ? – ўро аз қайди андешаҳо бароварданӣ шуд Мулло-амак.
— Фикри «Рўдакӣ», – ҷавоб ёфт ў, – Бо тамошобини Маскав рў ба рў шудан кори андак нест.
— Насиб бошад, хуб мегузарад, – мададгор барин гуфт Мулло-амак.
— Ҳа-а, тайёрӣ дидан лозим. – Ромиз худро чунон вонамуд, ки дар ҳамин хусус фикр мекарда бошад, дар асл фикраш ба Ҷаҳоноро банд буд. «Чаро ин хел нигоҳ карда рафт?» Ў аҳд карда, дар сар накшу реҷаи кохи ёдгории Рўдакиро мекашид ва ин қавл росту катъӣ бошад, аз кор ҳам ҷавоб гирифта як моҳ ҳозирӣ диданӣ буд, вале Ҷаҳоноро ба ў халал расонд, чӣ лозим буд, ки шўълаи хомўшро аз нав доман зада, барафрўзад. «Шояд «Моноспектакл» хуб гузарад, шояд писанди тамошобинон гардад, вале чӣ суд, ки актёр як дилро ба даст оварда натавонад... Боз ман аз ў умед мекунам, ки муаллимаи нуронӣ барин дар сари турбатам бигиряд:.

«Дар сари турбати ман бо маю мутриб бинишин,
1 То ба бўят зи лаҳад рақскунон бархезам...»

Хулоса кард ў ва дил ғулғула зада, чизе ба сони дона то гулў омад. Нерўи ғайричашмдор гашта, ўро бархезонд.
— Кучо? – ҳаракати ўро дида пурсид Мулло-амак.
— Камтар машқ кардан лозим, – беихтиёр ҷавоб дод Ромиз.
— Хайр шин, онҳо биёянд, мо кайҳо боз сўҳбат накардаем...
— Шумо ин вақтҳо саргузашт ҳам намегўед...
— Ҳа, лозим набуд гуфтанам... Бе ҳамин ҳам ҳар бор, ки Ёдгораро дидам, гўрбагўр мешавам... Хушк шавад нафси дунё, ҳамаи фитнабозиҳо аз ҳамин... гуфта будам инро ба ту... Боз бисёр чиз аз худи одам вобаста, думи гурбаро пахш накунӣ, «вағ» нагўяд.

  1. Аз Ҳофиз Ромиз, ин киноя буд ё омади гап, ба ҳар ҳол мазмунашро нафаҳмид ва аз пурсиданаш худдорӣ кард.
пешина
аз 428
навбатӣ