Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо ҳар ду умеди ў ҳам нашуд, балки Ҷаҳоноро дониста ва ё надониста баъди хеле вақт рў ба рўи ў ба тирезаи хонаи дарун омад ва чунон ангошт, ки Ромизро надида ба берун нигоҳ мекунад. Магар дар ин чанд муддат гулў ба сурфа одат кард, ки боз сурфид, вале ба тиреза нанигарист, ки чашми Мулло-амак ба нуқтаи нигоҳи ў афтад, хуб нашавад.
«— Ува-ува-ува!!!» – фарёд зад тифли гаҳвора ва бисёр баҳонаи хуб шуд, ки Ҷаҳоноро тохта баромад ва ў ҳам ба кўдак тақлид кард: «ува-ува-ува!» гуфта дастбанди ўро кушодан гирифт.
— Накушо, нав баста буд, – гуфт Мулло-амак.
— Майлаш, ман як бинам, меравам, – гуфта Ҷаҳоноро ўро чалаппӣ бўсид ва дастонаш аз зери дастбанд раҳо кард. Кўдак аз зери бори гарон озод шуд, ки дастони ғуммача ва пурраи сабсафедашро боло карда хамёза кашид ва ангуштони сахт мушткардаро рўи чашмон гузошт. Хоболуд буд ў. «Фарзон! – қимату арзон!» гуфта ҷавонзани зебо ба рўи гаҳвораи ў хам шуд. Кўдак ин садоро шунид ва дастчаҳои ҷозиб ва дилкашро аз рўи чашмон гирифта ба ў нигоҳ кард ва гўё аз меҳрубонӣ ва ё ҳусни занак завқ бурд, ки хандид. Тифлони гаҳвора ҳам зани зебо ва ҳусни беғашро фарқ карда тавонанд. Ў чашм аз рўи занак намеканд. Ҷаҳоноро ҳам ба ў нигоҳ карда дўстдорӣ фаромўш кард ва дар дил «дадош
– Ромиз барин» гуфт.
«Уҳу!» аз нигоҳи дилкашол ва дуру дарози ў пирамард хавф бурда, гулў афшонд ва баъд «туф-туф кун» гуфта ба Ҷаҳоноро таъкид кард.
— Ман чашм надорам, дада!
— Ба ҳар ҳол... аз латтаат ҳам те, – гуфта нафасе хомўш монд ва дид, ки Ҷаҳоноро ҳам ором аст, «ба дил гирифт» гуфта дилбардорӣ кард. – Чӣ хеле ки туро дўст медоштам, инро ҳам дўст медорам, туф-туф кун!
— Хайр, ана: туф-туф, чашми бало дур!
— Акнун хотирам ҷамъ, – айнан пиразанон барин рафтор мекард Мулло-амак.
Аммо ин муомилаҳои Ҷаҳонороро Ромиз дигар хел қабул кард; гумонаш, аз барои ў чунин муомила мекунад.
— Ана-ана-ана!!! – чалп-чалп бўсида гуфт Ҷаҳоноро, – Боз ана, боз ана!.. Ман рафтам! – бархест. Чун як қадам аз гаҳвора дур шуд, кўдак лабон дўр карда ва биниаш бод гирифта, ба гиря даромад.
— Не-не, вой ман мурам, намеравам, – ў бознишаст ва пойбандро ҳам кушод. Почаҳои ў аз дастонаш ҳам зеботар буд. Баъд ғавракро бардошта, то нофи ў ҳама ҷояшро хабар гирифт, сипас кўдакро аз гаҳвора берун овард. Ў хап шуд.
Занони некдил ба тифлони гаҳвора ҳам хуш оянд.

пешина
аз 428
навбатӣ