Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Одамон баробари замона тараққӣ карда ин ҳама сифатҳоро дар якҷоягӣ «артист» номидаанд, яъне бо ҳар роҳу равише, ки хоҳад, гашта тавонад, мор ҳам шавад, маккор ҳам, гург ҳам шавад, рўбоҳ ҳам...
— Фақат ростиро надонад.
— Ман туро ин хел одам нагуфта будам, актёр ҳам шуданат мумкин, шўҳрат ҳам ёфтанат мумкин, лекин умри рафта ва сиҳати гумкардаро бо ягон баҳо баргардондан мумкин нест, ҳамин чизро эҳтиёт бикун, писарам... Ду чиз дили касро сабук кунад: ханда ва гиря. Ту гириста наметавонӣ, баъзан биханд. Ҳама чизро ба дил гирифта гаштан бад ва зараровар аст. Оби чоҳро нагиранд, бигандад... Барои мард гиристан сахт аст, вале баъзан хандидан савоб дорад.
— Ташаккур, Мулло-амак...
...Аммо Ромиз хандида натавонист, ки натавонист: «Ҳа-ҳа!
Ваҳ-ваҳ! Қоҳ-қоҳ! Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!» ва ҳама хандаҳоеро, ки бо чунин овозҳо тақлид мешуданд, ў донад ва тақлид карда тавонист, вале хандида натавонад. Ў мехост, ки як бор аз таҳти дил хандад; чунон хандад, ки мадда ва ғуборе, ки дар дил дорад берун шавад, ў осуда гардад; бори гарони вазнинтар аз санги особ аз дўшаш биафтад. Лек ў аз ханда тарсад; аз хандае, ки якбора ақли касро бибозад. Ҳакимону табибон гўянд: «Дили кас гоҳ-гоҳ сих зада истад хуб; диле, ки ягон бор сих назада якбора сих занаду дард кунад, то фалаҷ барад». Аз ин рў Ромиз хандаро машқ карданист ва дар зиндагӣ ҳам артист шуданист...
— Салом, муаллими азиз! – қасдан дари роҳбарро кушода фармуд Ромиз.
— Ҳум?
— Ҳум не, алейк бар салом, – ислоҳ кард Ромиз, вале нияти ў дигар буд; агар роҳбар ягон ҷавоби хуб гўяд, хандиданӣ ва хуш муомила карданӣ буд, аммо дари ўро пўшида ва шояд аз кори кардааш завқ бурда бошад, хандида ба ҳуҷра даромад. Ҳар касе дар ҳуҷра буд, аз ҷумла Қодир, ҳайрон монд.
— Имрўз аз рўи роҳбар боз ду маълумот рафтааст, – дурўғ гуфт Ромиз.
— Ту донӣ худо? Кӣ гуфт? Аз куҷо шунидӣ? – аз ҳама пеш мароқ зоҳир кард Қодир.
— Ман – худам навиштам...
— Лекин аз ту гумонбар.
— Ба ман гумон, лекин ба шумо яқин.
Қодир аз ин гап баланд хандид, сурх шуд, сафед шуд, шишту хест, сигарет кашид, берун баромад, дарун даромад, аз тиреза нигарист, ба Ромиз гаштаю баргашта нигоҳ кард, дар дилаш ғулғула афтод, забонаш хорид, чизе гуфтан ва ё пурсидан хост, вале мулоҳиза кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор