Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мулло-амак, дигар дар бораи Садафмоҳ ҳарф назадед-ку?
— Ҳа-а, Садафмоҳ сари фарзанд рафт... Ёдгораро худам калон кардам... – аз қайди таъсири «Шашмақом» баромадан нахоста, кўтоҳ ҷавоб дод ў.
— Муллоҷон, шумо ҳам хона гирифта гурехта наравед, – ба гап ҳамроҳ шуд Хола-мулло, вале надонист, ки алами Ромизро тоза кард.
— Не-йэ, хона диҳанд ҳам, бе шумо намеравем, зимистон он ҷою тобистон ин ҷо мешинем, – бо дили пур гуфт Ромиз ва магар ин гап беҷо баромад ё барои баъзеашон сахт расид, ки хомўш монданд. Мазмун, Мулло-амак ба ин гап бовар намекард, занҳо нигоҳ мекарданд, ки аз даҳони мардон чӣ гап мебарояд. Хола-мулло оҳи дароз кашид, аммо Саида ҷим буд. Фақат Ромиз медонист, ки ин сўҳбати якдама ба дили ў ду алами хуфтаро бедор кард; хайр, алами хона-ку кўҳна шуд, вале алами пурасрори Ҷаҳоноро ўро безобита кард. «Ёдгора ҳам намеояд» гуфт Хола-мулло, аммо сабабашро надонад. Ромиз донад, ки барои чӣ наояд, агар ў зудтар хона мегирифт ва аз «дарбонии» ин ҳавлӣ зудтар халос мешуд, Ҷаҳоноро чун пешин омаду рафт мекард... Ў нигоҳи Саидаро дарёфт, вале ин дафъа Саида нигоҳи чашмони шавҳарро лакаторвор дошт, ки ба қаъри чашмони ў нигоҳ карда истод.
«Ту чӣ асрор ниҳон медорӣ, Ромиз?» мехонд актёр. «Не, Саида, ман асроре надорам, ман нахоҳам, ки ту хафа шавӣ» ҳамин хел ҷавоб додан хост Ромиз ва чашмонаш чандон қувват накарданд, то нигоҳашро давом диҳад, гўё як пардаи хунин пеши гавҳараки чашмашро гирифт, ки нури чароғ гулобӣ тобад ва чашмони Саида хунгирифта.
«Не, ман актёр не, ман ҳеҷ гоҳ актёр шуда натавонам, актёр
– Соҳиб, актёр – Қодиру Нодир. Онҳо калиди забони ҳар касро ёфта тавонанд, вале ман – дузди нодон, қуфлҳоро бо путк зада шикастан хоҳам ва гумон накунам, ки соҳибонашон аз садои путк огоҳ гарданд. Ҳо, ман ҳеҷ гоҳ актёр шуда натавонам... актёр шуда метавонистам, ҳоло хона мегирифтам, обод ҳам мекардам ва аз ҳама муҳиммаш, ҷавонпир намешудам...»
— Ин қадар чӣ фикр мекунӣ, писарам? – аввал сурфид ва баъд пурсид пирамард, то ба фикри ў халал нарасад. Аммо сурфааш ҳам, саволаш ҳам ба Ромиз сахт расид, мағзи сараш сўхт, гўё сими электрикро ба тори асабҳои ў ҳамроҳ карда бошанд. – А, чӣ алам дорӣ?
— Алам надорам, Мулло-амак, фикр мекунам, ки чаро ман артист шуда натавонистам...
— Боз аз ин зиёд чӣ хел артист мешавӣ?
— Калиди забони одамонро ёфта наметавонам...
— Яъне, рўбоҳию маккориро? Ҳаминро гуфтан мехостӣ?
— Не, Мулло-амак, артистиро.

пешина
аз 428
навбатӣ