Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷонамон меларзид, ки ана-ана аз паси буттае, обканде ё пушти дарахте босмачие мисли Азроил пайдо шуда, ҷони моро мегирад. Нияти ман дигар буд, ки зудтар миёни чаҳор дарахти бодоми талхак ҷой гираму ба ҳавлиамон ва махсусан ба чанори баланд нигарам. Наход чашми ман фиреб медода бошад? Ба Саид нигаристам. Вай нигоҳи саволомези маро дида ҳайрон шуд ва пурсид:
— Босмачиҳо?..
— Не-е-е, – сар ҷунбонда ҷавоб додам, ки оҳангаш афсўсомез баромад. – Чашмат намегузарад? – сўи деҳа ишора кардам. – Ба шохи чанор нигар. Дидӣ?
— Дидам.
— Чӣ бошад?
— Фарқ накардам...
— Мол гўӣ, мол не... чӣ бошад?.. Одамҳо мегарданд, саворон мегарданд. Магар босмачиҳо омадаанд?
— Аҷаб не....
— Саид, худат медонӣ, ки босмачиҳо аз паи ман; кӣ будани ман ба онҳо маълум шудааст, чӣ мешавад, ки ту ногумон рафта воқеаро фаҳмида биёӣ?
Саид ба рўи ман нигарист, вале чизе гуфта натавонист. Ман медонистам, ки ў метарсад; аз босмачиён метарсад, падарашро кушта заҳри чашми ўро гирифта буданд. Ба чашми худ куштанашонро надида бошад ҳам, тафсирашро шунидааст, ки чӣ зайл ваҳшиёна ўро сар буридаанд; аз барои як гўсфанд. «Барои тўйи писарам ният карда харида будам» гўяд. «Ту як гўсфандро аз Махсум беҳ медонӣ» гўён худи ўро ба ҷои гўсфанд сар задаанд...
Ана барои ҳамин Саид метарсад, сахт метарсад.
— Намеравӣ? Метарсӣ?
Саид боз беҷавоб ба рўи ман нигарист. Ростӣ, надонистам, то чӣ кор бикунам: аввалан, намедонистам, ки он ҷо чӣ воқеа рўй дода аст, сониян, беқарории саворон касро ба ҳарос меовард:
«Наход Юнус-тўқсабо, бародари ман босмачиҳоро бо нону намак пешвоз гирифта, пеши пояшон гўсфанд кушта бошад?» Ҳамон чизи шохи дарахтро гўсфанд гумон карда, ба худ гуфтам. «Ҳарфаш дигар буд-ку? Ман ёри сурхҳо мегуфт-ку? Чаро ин дам рафтораш дигар?»
— Намеравӣ-а, Саид?
— Намеравам... Ту ҳам намеравӣ..
— Не, ман меравам.
— Намеравӣ!
— Меравам!
— Намеравӣ!

пешина
аз 428
навбатӣ