Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қолабҳои тайёрро оварда монда, дароед, шинед, зиндагӣ кунед, гуфтаанд? Не-е... Оҳ, агар донӣ. Медонӣ, шунидаӣ, хондаӣ... Зери суми аспҳо монда буд деҳаи лойолуди Душанбе. Ту надидаӣ, кӣ он солҳои даҳшат чӣ хел одамро қир мекарданд, сар мебуриданд, пўст меканданд, гўшу забонашра мебуриданд, буз мекашиданд, чортоқ мекарданд... Барои имрўз шуда, барои ман шуда, барои ту шуда, ана барои ин тифли гаҳвора шуда... – Ў сар ҳам кард, ба хаёл рафт; як чанори азим пеши назараш омад ва хаёл кард, ки чашмонаш сиёҳӣ зада он чанор низ болои сараш давр гашт.
Ромиз пай бурд, ки Мулло-амак ба андеша рафт, халал нарасонд, то ў ягон чиз ҳикоят кунад ва магар Мулло-амак ин нияти ўро пай бурд, ки «ҳа-а-а» гўён мад кашид ва лаб ба сухан кушод:
— Он солҳо маро «Командир» мегуфтанд – ҳамин хел лақаб дода буданд: барои хурд буданам, барои зиракиам, барои ҳамакора буданам (рост ё дурўғ ба ман ҳамин хел мегуфтанд). Лекин ман куҷою командирӣ куҷо? Як баччаяки хурди назарногир – командир. Онҳо маро командир мегуфтанду механдиданд. Барои масхара не, чӣ хел ки дар отряди онҳо будани ман ғайричашмдошт метофт, гўё маҳз барои ҳамроҳи онҳо гаштан ба дунё омада бошам. Ман мисли аскарони сурх либоси ҳарбӣ надоштам ва гумонам барои қаду басти ман форма ҳам набуд. Ман дар либосҳои обшустаи худам мегаштам, пойлуч будам. Миёни мардум ва аскарони сурх мегаштам. Касе гумон надошт, ки ман ба аскарони сурх, маҳз ба отряди Раззоқов хизмат мекунам... Аммо сир пинҳон намонд.
Босмачиҳо аз ин рафтори ман огоҳ шуданд. Акнун хона рафтанам хавфнок буд. Миёни аскарон осуда будам, вале аз хона рафтан метарсидам. Гумон доштам, ки дар ҳар хамгашт маро мепоянд; ба даст афтам, пўст кананд. Ба ман касе чизе нагуфтааст, аммо дилам гувоҳӣ медод, ки аз узви комсомол буданам огоҳ шудаанд ва ҳар коре ки барои аскарони сурх карда бошам, донанд. Чанд бор роҳбалад шуда, аскаронро ба манзили босмачиён бурда будам ва медонистам, ки аз одамони маҳалла кӣ бо босмачиён муносибат дорад. Яқин ин чиз ошкор шудааст ва онҳо аз ман қасос гирифтан хоҳанд. Лекин хона рафтан мехостам. Аз командир иҷозат пурсида ҳамроҳи Саид ном ҷавонписаре, ки ду сол аз ман калон буд, ҳаваси хона кардем. Саид ҳамсояи мо – писари қассоб. Барои он ки падарашро босмачиҳо аз барои гўшт куштаанд, онҳоро «Азроил»
ном ниҳодааст ва чун аз аҷал аз онҳо пинҳон мешавад. Ў як навъ паҳлавонҷусса, писари қассоб буданаш маълум, лекин заҳрааш хурд, тарсончак. Танҳо барои қасос гирифтан ба аскарони сурх ёр шудааст, лекин ба амал кардан метарсад; хаёлаш, қасоси падарашро аскарони сурх гиранд. Рост аз Гарнизон хонаамон рафтан мумкин набуд, барои ҳамин мо ҷариро фаромада лаби дарё шудем ва қад-қади дарё регбозӣ карда, боло мерафтем, то дараи Гулписта.
Бо обканди ин дара рост шуда, ба теппаи Гулписта баромадем ва сонӣ дарун-даруни буттазорон ва дарахтони бодоми талхак болои теппаи Сари Осиёб омадем.

пешина
аз 428
навбатӣ