Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

...Аввалҳо Ромизро дар муҳокимаҳои намоишҳои телевизионӣ тавсиф мекарданд. Вақтҳои охир, хусусан имрўз, маърўзачиҳо корҳои ўро сахт танқид карда, ҳатто пуч бароварданд. Ромиз китфон дарҳам кашид, хаёл кард, вале сабабашро нафаҳмид. Ҳамин қадар донист, ки намоишҳои ҳафтаи охир аз намоишҳои ҳафтаҳои гузашта хубтар буд. Баъди ҷамъомад ва сонӣ ҳам маърўзачиҳо дуруст салому пурсупос надоштанд. Ромиз ҳайрон, тамоман ҳайрон:
«Аз ин ҷо бояд биравам... Ин ҷой барои ягон кас лозим будагист.
Вале барои чӣ маро зиндагӣ ин қадар таҳқир кунад? Ё ман бо мардум омехта натавонам; ситораам ба онҳо шум тобад...»
Баъди маҷлис Ромиз диққат дод, ки одамон ба ў каҷ-каҷ нигоҳ кунанд. Худашро ноҳинҷор ҳис кард. Гўё ҳама аз ў дурӣ ҷўянд.
Вале баръакс ду рафиқ – Нодир ва Қодир, ки қариб ҳама намоишҳоро тайёр мекунанд, ба Ромиз сахт ошно шуданд. Ромиз онҳоро шиносад. Сахт ҷўра буданашонро ҳам хуб донад. Ба қавле ба афсуну ҷоду онҳоро аз якдигар ҷудо кардан ҳам имкон надорад. Шунида ва донистаи Ромиз ҳамин... Имрўз онҳо ўро даъват карданд, то ҳамроҳ ба тарабхона раванд. Ромиз «кор дорам»
– гуфта халос хўрд. Ба вақти дигар вогузошт. Вале аз Хуршед халос хўрда натавонист. Хуршед ўро дар беруни дарвоза пешвоз гирифт. Табрик кард ва роҳи калонро нишон дод, ки мошини Ҳамза меистод.
— Боз «Боғи ҳайвон?» – ҳазл кард Ромиз.
— Не... Рул дар дасти Ҳамза, куҷое барад.
Ромиз гап назада равон шуд. Ҳамза аз мошин фаромада ўро оғўш кушода бўсид ва калиди мошинро ба вай дароз кард..
— Ташаккур, Ҳамза, ҳунар надорам, – миннатдорӣ кард ва ба мошин нишаст. – Аввал рост ба хона рон.
— Чашм. Имрўз ҳарчӣ фармоянд, – ҳазл кард Ҳамза.
— Лекин як дам назди гастроном бидор, – хоҳиш кард Ромиз.
— Чашм. Имрўз ҳарчӣ фармоянд.
Ромиз онҳоро фаромаданӣ намонд. Рафту ду шиша «Экстра»
овард.
Вале вақте ки Ромиз аз дарвоза даромад, Хола-мулло фиғон карда омад:
— О, қоида як рўз пеш гап намезанӣ, писарам?
Ромиз хандида, «ҳаминаш хуб, Хола-мулло» – гуфта шишаҳоро бурда ба дасти Саида дод ва назди Мулло-амак даромад.
Мулло-амак андаке миёнашро бардошта, ўро оғўш карда, табрик гуфт ва сарзаниш кард, ки чаро танҳо омадаст, ёру ҷўра дорад ё не. «Ҳаминаш хуб» – гуфта Ромиз хоксорӣ кард...
— Не, ин хуб не, ёру рафиқ лозим, махсусан дар ҳамин рўзҳо.
— Шумо шод бошед, ёфта меорам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо