Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Садои ў баромад. Мулло-амак паррандавор гардан тофта, як гўш ба садо дошта, андаке майл ба дар овард ва фаромўш кард, ки пойҳояш, пойҳои ҷуробпўши фиребояш кор накунанд. Танҳо раги ҳиссаш, раги хаёле ки як вақтҳо пойҳояшро ба ҳаракат медароварданд, ҳамин лаҳза кор карданд: ба назараш ки ў хеста ба дар наздик рафта, гўш ба дар гузошт ва шеърхонии ўро хуб шунид; мондааст, ки дарро тела дода, даромада ҳаракатҳои ўро бубинад... Не... халал мерасонад... Пирамард дастон бар кўрпача тира карда, андаке вазн бардошта паҳлў лағжид ба гаҳвораи Фарзон наздиктар ва дарёфт, ки ўро хаёл бурдааст... Садои Ромиз базўр шунида мешуд. Мулло-амак безобита, ки чаро баландтар нахонад; барои ў нахонад; ибо карда хонад, овозашро дуздида хонад. «Шояд барои писарро бедор накардан...» Мулло-амак як лаҳза – фақат як лаҳза хост, ки Фарзон бедор шаваду падараш садои ўро шунида беибо садо баланд кунад, вале зуд аз ният гашт, ки... На танҳо худаш, ҳатто нахост, ки ҷонзоде ба Ромиз халал расонад. Бодиққат гўш медод, паст гўяд ҳам, ҳама суханони ўро мешунид, садои рўи мафраш пой монда гаштанашро мешунид, фақат қиёфаи ўро намедид, ки чун азоб мекашад. Чӣ кўшиши саҳнаро обод кардан дорад, чӣ қадар хоҳад, ки Рўдакиро ба тамошобин шиносонида тавонад.
Ромиз дер баромад, чунон ки Мулло-амакро ғусса гирифт.
Мулло-амак надониста буд, ки кори актёрӣ азоб аст: вақт талаб кунад, вақти зиёд. Тамошобин ҳаргиз дар ин бора наандешад. Гумон накунад, ки актёр арақшор чун деҳқони каландзан дона сабз бикунад. Мулло-амак танҳо ҳамин шаб фаҳмид, ки меҳнати актёрӣ чӣ азоби алим аст. На аз он ки Ромиз дергоҳ – бетанаффус машқу тамрин карда, зери обу арақ монда, аз толор омад, на; аз он ки суханонаш, садояш осмонӣ буд... Ба меҳнату заҳмати актёрӣ тан дод: «Нон ба танат ош шавад» сар ҷунбонда гуфт ў. «Ҳеҷ гумон надоштам, ки касбат чунин ранҷу азоб хоҳад».
— Ин як шабаш, Мулло-амак, – табассум ва арақи пешонӣ пок карда гуфт Ромиз.
— Ҳоло ин хел шабҳо бисёр, – сар ҷунбонд Мулло-амак.

13

...Ромиз ба кор рафт. Ҳангоми баромадан Саида ўро боздошта «зудтар биёед» гуфт. Ромиз фаҳмид, ки Саида чаро чунин хоҳиш дорад. Худро ба нодонӣ зада пурсид: «Ягон кор ҳаст?» «Ҳа, кор ҳаст, кори аз ҳама муҳим». Ромиз табассуми завҷаашро дида, ўро сахт ба оғўш кашид ва аз дар баромад...

пешина
аз 428
навбатӣ