Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Миёни гўристонро?
— Ҳа, дилам ҳамин хел хоҳад...
— Маълум, худо ба дили шумо раҳм андохтааст... Одами бераҳм ёди қабристон накунад...
«Оқибат манзили мо водии хомўшон аст, Ҳолиё ғулғула бар гунбади афлок андоз».
Чанд сол пеш дар ин қабристон танҳо мардумони фавтидаи гузари Сари Осиёбро гўр мекарданд, баъдтар гузарҳои зиёде пайдо шуда, қабристон ҳам васеъ гашта, гўристони марказӣ пур шуда, мурдаҳои баобрўро низ дар ин ҷо хок кунанд. Ромиз донад, ки нависанду гўянд: «Баробарӣ дар гўристон аст; дар он ҷо талоши зиёд лозим нест, ба ду газ замин қаноат кунанд ва касе аз ин дунё ба он дунё чизе набарад.» Шояд ҳамин андеша дар сари Ҷаҳоноро низ бошад, ки хомўш равад. Ҳарфе назананд, ки густохӣ мешуда бошад. Роҳи миёни қабристон сўи баландӣ барад. Оҳиста-оҳиста, истодаю назар карда раванд, навиштаҳоро хонанд. Зодагон, фарзандон дарду сўзи худро рўи сангҳо кандаанд. Сўзе, ки зиндагон гўянду мурдагон нашнаванд. Катибаҳои рўи сангҳо гувоҳанд, ки ҳеҷ кадоме умри худро надида мурдаанд: ғўрамарг ҳам ҳаст, ҷавонмарг ҳам ҳаст, пирмарг ҳам ҳаст... гўё ҳама ғофилмарг шуда бошанд... Баъд Ромиз ба панҷараҳои рангоранг диққат диҳад: оддӣ, хурд, бе қуфлу калид; вазнин, кунгурадор, васеъ, ки боз дарунаш барои ду-се қабр ҷой ҳаст; мармарҳо низ якранга нестанд: як лахт санг, ки рўяш ному чанд рақам доранд; бар қади гўр аст ва рўяш катиба дорад; бар қади гўр, боз бар қади одам мармари рост ҳаст, ки ҳам навиштаҷот дорад, ҳам сурат, гулчанбар низ ҳаст, ки дўш ё парер оварда буданд. Қабрҳои тоза низ ҳастанд, ки хокашон баланд ва ҳоло барои обод кардан фурсат нашудааст; қабрҳое низ ҳастанд, ки на панҷара доранд ва на катиба, қариб ба замин ҳамвор шудаанд ва баъди чанд сол нишоне аз он намонад... Ромиз ба худ гирифтор. Ҷаҳонороо ба ҳар гўре, ки сурати ҷавонмаргонро дид, сар ҷунбонида афсўс хўрад. Ва Ромиз нафаҳмад, ки чаро ў ба ин ҷо майл кард; ин чизро напурсид. Гумон карда буд, қи Ҷаҳоноро касеро ин ҷо ба хок супоридааст ва пеш аз сафар хоҳад, ки онро зиёрат бикунад. Аммо мебинад, ки қабристон охир шавад ва ў ба сўе майли рафтан надорад.
— Ин хел рафтан гирад, аз шаҳр ҳам васеъ мешавад, – қабристонро дар назар дошта гуфт Ҷаҳоноро.
— Ҳеҷ гап не, кўҳамон бисёр...
— Криматория лозим...
— Рост, аз зиндаро сўзонидан мурдаро сўзонидан осонтар аст.
Мурдаро сўзонед, дардро ҳис накунад, аммо зиндаро сўзондан
– азоб.
Ҷаҳоноро пай бурд, ки Ромиз суханбозӣ мекунад, вале ошкор накард, гўё ба маънии сухани ў сарфаҳм нарафт. Вонамуд кунад, ки аз қайди таассуроти қабристон берун нашудааст, аз ин рў сухани Ромизро айнан мефаҳмад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо