Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз ҳайрон, ки чаро Мулло-амаку Саида номи Ҷаҳонороро мегиранд, дар хусуси ў, ҳарфҳои ў сухан мекунанду чизи асосиро намегўянд: он ҳарфе ки Ромиз донистан мехоҳад, намегўянд:
Ҷаҳоноро дар хусуси Ромиз ва намоишҳои ў зиёд гуфтааст... ё ягон ҳарфи дигар. Ромиз ҳаминро донистан мехоҳад: донистан мехоҳад, ки аз чӣ сабаб онҳо ҳар лаҳза ба сари ин масъала мегарданд. Лекин чизе намегўянд. «Ин чизро аз худи Ҷаҳонорр бояд пурсид...»
— Ассалом!
— Ассалом! Камнамо? – ўро дар гулгашт дучор омада пурсид Ромиз.
— Тайёрии сафар...
— Булғористон? Ҳиндустон?
— Не-е... Боз Ленинград... Ягон шинос надоред?
— Дорам. Агар Ҷаҳонороро бинед, пурсед, бўса кунед...
— О балое...
Ҷаҳоноро пай бурд, ки Ромиз беқарорие дорад, ҳарфе дораду гуфта натавонад: ё шарм кунад ва ё ба суханам аҳамият намедиҳад, гуфта, лаб накушояд. «Ха-айр...» мад кашид Ромиз ва ба теппаҳо нигарист, то ба ҷуръати сухангўӣ мададгор шаванд ва ё нафаси дароз бароварда дилашро тоза кунад.
— Шумо намеравед? – гўё мушкили Ромизро осон мекарда бошад, пурсид Ҷаҳоноро.
— Меравам, баред, меравам... Лекин пеш аз он ки Ленинград равем, як хоҳиш дорам... Ана ба он баландӣ бароем, дурустакак шаҳрро бинед ва баъди тамошои Ленинград муқоиса кунед...
— ...муқоиса кунем, ки...
— ...муқоиса кунем, ки чӣ тафовуте миёни ин шаҳрҳо... Албатта муқоисанашаванда, бо вуҷуди он... Ҳамон вақт пай мебаред, ки чӣ зебост Душанбе, чӣ андоза дилатон барои он гум мезанад, пазмон мешавед... Меравем? – рост ба чашмони Ҷаҳоноро нигариста пурсид Ромиз. – Сари теппа мебароем?
— Агар ба шумо маъқул бошад... – гуфта Ҷаҳоноро аз роҳи рафт гашта, давр зада, рў ба теппаҳо овард. Теппаҳо баланд набошанд ҳам, муттако ва пояе кўҳҳои баландро буданд, кўҳҳои Варзоб аз ҳамин ҷо ибтидо гиранд. Теппаҳо теппаҳои сабз нестанд, ҳозир чунин – дар фасли тобистон, вале дар баҳорон он қадар сабзу хуррам, ки аз сари аз он баландӣ ба шаҳр нафароям, гўӣ.
Шулашҳои арғувонӣ оташ бароранд ва баҳор сар нашуда бодом гул кунад, гули баҳман аз зери барф барояд. Вале ҳоло заминҳо сўхта, шулашҳо барг доранд, бодом дона шах кардааст, вале арчаҳои радда-радда шинонда ҳамон хеле ки тамоми фаслҳои дигар ҳастанд – сабз...
— Лекин аз шумо як хоҳиш: миёни гўристонро мегузарем.

пешина
аз 428
навбатӣ