Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳа, – гуфт Ромиз аз гапҳои Саида рамуз гирифта.
Саида баромад. Ромиз як даҳон ош гирифт ва ба андеша рафт:
«Қасдан, барои Саидаро дидан омад? Дида буд-ку!.. Муқоиса карданӣ, бо ман муқоиса карданӣ, ки муносиб ҳаст ё на... Муносиб...
Хеле муносиб, ин чизро ҷуз худам касе фаҳмида натавонад, ки чӣ хел муносиб... Хеш. Шояд ҳамту омада бошад... Ё мувофиқи гапаш: ба гаҳворабандони «писари худаш» омадааст. Ромиз дигар тикка нагирифт. Балки даст бо дастмол пок кард. Ва боз дар бораи худашу Саидаю Ҷаҳоноро андешид. «Чаро Саида аз хусуси ў ба ман гап зад?» Андешаҳои кўҳна. «Бо андеша кор буд нашавад.
Худашро дида пурсидан лозим...» Вале аз куҷое дар таги дилаш сиёҳие пайдо шуда, ўро аз ин азм боздошт. Ў оинаро гирифта дуру дароз ва дурусттар ба худ нигарист ва дид, ки ба чӣ аҳвол гаштааст: хароб буд, харобтар шуда, чашмони зебою ҷозибаш фурўтар рафта... Дили дарё ва кушоди ў фишор ёфт. Гўё кўҳи Мунор гашта, пеши Зарафшонро баст.
— Чаро ошро нахўрдед? – гўё як табари азим зада банди обро кушоданд. – Мулло-амак гўянд, ки чаро мулло пеши ман намеоянд? – ба саволи аввала ҷавоб нагирифта ва чойники чойро аз даст нагузошта гуфт Саида.
— Келин-мулло! Ҳо келин-мулло! Мулло-амакашон мегўн, ки писарамон омада як нафас шинанд. – Аз дари айвон фарёд зад Хола-мулло...
Ромиз ба Саида нигарист, то ҷавоб диҳад; Саида маънии нигоҳи ўро пай бурд: «Аз дар «муборак шавад» гуфта дароед». Ромиз гулў равшан кард, ки агар занҳо набуданд, мардҳо чӣ кор мекарданд, онҳо ҳама умр барои мардон ақл шаванд, вале... инашро нагуфт.
Нагуфт, ки занҳо гумон кунанд, ки ба одобҳои хонагӣ ақли мардон надавад. «Яъне равам? Гуфтаи шуморо гўям?.. Хуб шудааст...»
Як одам чанд хаёл карда тавонад? Боз девона нашавад. Оқибати рафтори Ромиз... Фикраш алҳол дидори Ҷаҳоноро. Ўро дида пурсиданист, ки барои чӣ дидаю дониста ин корро кард.
Соат аз шаш гузашт. Дарсҳои муаллима ҳам тамом шудагист.
Агар ҳозир ҷўраҳо назди студия пайдо шуда ўро зўран ба мошин андохта бурданӣ шаванд ҳам, наравад. Ба худ қавл додааст; бо кадом роҳе бошад, бояд Ҷаҳонороро бубинад. «О, ин номро кӣ ба ту ёфта монд-а, Ҷаҳоноро? Наход, ки ба ин тариқа зебо шудани туро дониста ном гузошта бошад? Ту бо ин ҳусну ҷамол бекас нестӣ, ягон кас дорӣ, ин рў нисбати ман бепарво. Магар ту нафаҳмӣ, ки дили ман чӣ мегўяд. Ман ба ту гуфтам-ку, ту маро аз нав зинда кардӣ, гуфтам-ку... Ҳоло ҳам намефаҳмӣ? Чаро ин қадар худро ба нодонӣ занӣ? Чаро бемеҳрию бераҳмӣ кунӣ? Агар донӣ, ки маро чӣ азоб аст. Ва боз азоб додани худатро ҳам донӣ...
На, Ҷаҳони ман, муаллимаи нуронии ман. Азоб на. Ман чунин хостам. Хоҳам, ки дар ҷаҳонн ман Ҷаҳоноро бошад...».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо