Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз аҷаб толеъ дорад: чизеро нахоҳад, ҳамон пеш ояд; орзуи песаи хуб кунад, халтура пеш ояд, орзуи сардори нағз кунад, ягон ҳатўл рў ба рў шавад ва боз ҳарфҳои зиёд... Дунё аҷаб сохта шудааст: як тора мўи ба замин афтида бемақсад намеафтидааст. Одамон аҷаб офарида шудаанд: чаҳор миллиард инсон, яке ба дигаре монанд не. Ҳатто «ду қатра об», «як себи дукафон»
гўянд ҳам, дурусттар нигарӣ, фарқашро бинӣ. Ҳол он ки аз як гўш то гўши дигар як ваҷаб масофа. Дар ин масофа чӣ қадар тарҳи гуногун кашидан мумкин будааст... Ва гўянд, ки фақат Ромиз бо ҳамон либоси ҷанда ва кулоҳу нонанбонаш ба Эзоп монанд аст. Аҷаб... Инро касоне гўянд, ки Эзопро надидаанд, Ромизро ҳамчун Эзоп дидаанд. Ромизу Эзоп дар саҳна монанд, дар ҳаёт не ва ин хел шуданаш мумкин ҳам нест. Ромиз инсони асри бист:
ҷандапўш на, масал набофад, ғулом буданаш ҳам имкон надорад; ҳатто орзуи ғуломи озод буданро ҳам накунад... Ҳеҷ инсон нахоҳад, ки гашта маймун шавад, ҳеҷ марди озод нахоҳад, ки ғулом бошад. Ромиз ба воситаи Эзоп хоҳад ба мардум нишон диҳад, ки баъзан аз бегуноҳӣ кас чӣ уқубате бинад. Мисли Суқрот... Ў Эзопро нағз бинад, Рўдакиро эҳтиром бикунад, камар бандад, ки Инқилобу Айниро зеби саҳна гардонад; ў ҳама нопокиҳоро, ҳама аҳриманиҳоро, ҳама қиёфаҳои зиштро, ҳама хунҳои ҳаромро дар алангаи Инқилоби сурх сўзад ва баъд гумон кунад, ки дар олам ҳеҷ гуна кина, бухл, ҳасад ва фисқу фасод боқӣ намонд; дилаш таскин ёбад ва хаёл кунад, ки қарзи фарзандӣ, қарзи инсонӣ ва қарзи граждании хешро адо кард; шод гардад, табассум кунад, хандад ва дигар ҳеҷ кас ба ў нагўяд, ки «Ромиз, корҳои шоиста бикунию чаро як бор нахандӣ?» Ў хандад, чун мақсад ба ҷо ояд, корҳои наҷиби дилхоҳ сомон ёбад, хандад ва дигаронро низ хандонад, вале донад, ки ба ин чиз ноил нашудааст, донад, ки «Эзоп»
оламро гаштааст, хоҳад, «Рўдакӣ» низ ҷаҳонгард бишавад, он гоҳ хандад, завқ барад.
— Оши тўи писаратон! – табақи ошро рўи миз гузошта гуфт Саида; зеро гаҳворабандон кори занон.
Ромизро сахт расид; киноя барин. Мардуми тоҷикро чунин оҳанги сухан бад расад, падар бошаду каси дигар писари ўро тўй кунад: хеле сахт расад; бобо тўй диҳад набераро; аммо Ромиз надонад, ки Мулло-амакро чун ном барад: падар гўяд ё Муллоамак?
— Нағз шуд, занакҳо хеле чақ-чақ карданд. Бештар гап аз хусуси «Рўдакӣ»-и шумо рафт, Ромиз.
— Маълум, ки занҳоямон хеле пеш рафтаанд, – хурсанд будани Саидаро пай бурда гуфт Ромиз.
— Ана ҳамон занак, Ромиз, муаллима, духтари Мулло-амак, аълочии маорифи халқ будааст, боз ғоибона дар аспирантура мехондааст...

пешина
аз 428
навбатӣ