Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Бой аспи аз бузкашӣ омада барин нафасҳои дароз гирифта, ба меҳмонхона даромад. Ҳаври бинии ў ба буруташ расида, ях баста буд. Ҳавои гарми меҳмонхона якбора нафаси ўро гардонид.
Вай аз ҷустани Нор чунон монда ва дар хашм шуда буд, ки кас гумон мекард, баробари аз дар даромадан ўро лағадкўб мекунад, вале вай оҳиста ба назди ў нишаст ва нарм-нарм ҷунбонида бедор кард ва хеле пас гуфт:
— Хез, Норбой, хез!
— А?
— Хез!
— Ҳа? – вай гарангу хоболуд сарашро бардошт. – Чӣ шуд?
— Ҳеҷ чиз, хез, ба хона меравем.
Шамол ҳуҷум оварда ба дару тирезаҳо мезад. Яхча меборид.
Онҳо аз дар баромаданд, сармо ба Нор, ки аз хоб хеста буд, сахт таҳдид мекард. Сари ў мекалобид.
Бой аз хона як чакмани кўҳна, чоруқи аз резини чархи мошин такбаста бароварда ба Нор дод, ки пўшад, вале нагуфт, ки барои чӣ.
— Таёқи калонро гир, – гуфт бой.
Нор асоро гирифт, ҳоло ҳам гаранг буд ва намепурсид, ки чӣ кор аст. Фақат ба назараш бой як албастии маст менамуд, ки сараш калобида ба ҳар девор мезад ва ё қасдан мезад, ки кафаду ба касе тўҳмат бандад.
— Гап ҳамин, – беруни дарвозаро аз назар гузаронида гуфт бой. – Каллаи гов дар хум дар монд, писарам...
Нор ин суханро шунида, аввал ҳайрон шуд, баъд каме ба худ омада ба давоми сухани бой гўш дод:
— Писарам, шоша об барад, қарор баромадааст, ки молҳоро мегиранд. Акнун писарам, ҳам ту... а... а... ҳамааш ту. Ҳамин шаб молро ба шах мебарӣ, набошад, кор расво. Ҳушёр шав, ки касе набинад. Шумуру тафтиши молҳо, ки гузашт ва моли мардумро, ки гирифтанд, дар бозор нархи мол мехезад, ҳамон вақт бурди ту.
Фақат ҳушёр шав, ки касе набинад.
— Гўсфанд ба шах намебарояд.
— Як илоҷ кун. Бузҳоро ба шах барору гўсфандҳоро пушти шах гузарон. Ман то тангӣ ҳамроҳат мераваму гашта меоям. Худи ҳамин шаб ба Рухшону Мимдона рафта молҳоро... ҳа, ҳоло газет ба он ҷойҳо нарасидагист. Тезтар рафта ҳамаи молҳоро пул мекунам... Хайр, дари оғилро кушову молро барор, ман пешашро дошта меистам. Апаат ҳам ба ту ҳамроҳӣ мекунад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё