Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Вале пас аз як сол занҳо овоза карданд, ки шиками зани хурдии бой хестааст. Акнун худи бой тўйгар шуд. «Бачча дар сафар, номаш Музаффар». Бой интизори писар, мардум интизори тўй, ба бой духтар шуд...
Ба қавле ҳама чиз тайёр. Духтар бошад ҳам, бой тўй мекунад.
Ба халқ фарқ надорад, ки киро тўй мекунанд, ошу нон диҳанд, шуд. Бой ҳам розист, ки духтарашро ҳамчун писар тўй кунад...
Духтар дусола шуд, вале аз базму сури бой дараке нест... Бой пушаймон шудааст; ин зайл тўй кардан нораво будааст. Худо писар диҳад, бой ҳама ҳунарашро нишон медодааст.
Баъзеҳо маслиҳат доданд, ки барои нобуд нашудани чизу чора баҳри савоб додари арўсро, ки ҷавони барқад ва дастёри беминнати бой шуда буд, хонадор кунад. Бой арз кард, ки барои тўй ҳозирие надидааст.
Бой аз ин зан донаи арзан барин зарар накард ва духтар шуданаш барои Алибек давлати гароне буд. Додараш Нор китфи колхозии ў шуд. Апаву додар кори колхоз мерафтанд, пиру кампир зери айвон нишаста Ҷонгирашонро ёд мекарданд, месўхтанд, вале бой ҳасрат гўяд ҳам, фикраш ба дигар тараф банд буд.
Ойимхон ҳоло баду неки палонҷашро нагуфтааст.
Чӣ шуд, ки пас аз ду рўз бой зани хурдиашро ба боғ кўчонд ва гуфт, ки ҳам яктарафа ва ҳам ба саҳро наздик.
8
Ҷўра-чатоқ укази наве, ки оид ба чорводорӣ баромада буд, хонда ба бой тамоман нодуруст ва қасдан нодуруст шарҳ дод.
Дар указ гуфта мешуд, ки колхозчиён дар муддати се моҳ молҳои зиёдаи худро фурўшанд, вале Ҷўра мефаҳмонд, ки худи ҳамин шаб ё дар байни ду рўз.
Чашмони бой шаҳкоса барин зада баромаданд. Ҷўра зери абрў ба ҳоли бой нигоҳ кард ва ҳоли парешони ўро дида чӣ гуфтанашро надониста ду бор паст-паст сурфид.
Бой рўймолчаи ба миёнбанд гузаронидаашро кушода, мисли қурут лўнда кард, оби чашми беихтиёр омадаашро бисутурд. Дар ҷавоби сурфаи Ҷўра сурфиду номаълум ба тангкўча ғайб зад.
Рўзи азодории бой расид: вай ба хона омад, ки Нор нест. Ба
занаш арбада кард, ки ўро ёбанд. Кариб то нисфи шаб ўро ҷустанд, наёфтанд. Ҳаво ниҳоят хунук буд. Аз афташ Нор ҷуръат накардааст, ки ба боғхона равад, назди оташи меҳмонхона хобаш бурдааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё