Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гапи занаш дили ўро ба туғён овард, вале чизе нагуфт. Занаш боз ба гап даромад:
— Мегўм, Ҷонгирҷон, чӣ шуд ба шумо?
— Шоша об барад, нашуда истодас-ку!
— Чӣ нашуда истодас, Ҷонгирҷон, чӣ?
— Ту алами мана тоза накун.
— Мегўм, гапатона аз ман руст мекардагӣ шудаед?
— Шота об барад, аз ту чӣ руст мекунам?
— Ҷонгирҷон, мегўм, илоҳӣ ягон рўз пешу қафо намурем-дия, набошад хор мешем.
— Мурдаи ману ту хор намешавад. Худамонро худамон гўр карда метавонем.
— Ҳамин хелу мегўм, Ҷонгирҷон, лозим-дия.
Мардак ба ҳарфи занаш ҷавоб надода аз дарвоза касе ўро фарёд кард:
— Бой-амак!
1
— Хез, шоша об барад, кӣ бошад, хез! Хў-хў-хўш! Канӣ, биёянд!
Аз таги дарвозахона чупон намоён шуд.
— Умм... умм... биё-биё, молҳо нағз? Ягон офат нарасидааст?
— Не, бой-амак. Баччаҳо гушна, ҳаққи мола...
— Умм... ум... Шоша об барад, мардум қарзашонро намедиҳанд, боз камтар сабр кунӣ-чӣ, а? Ҳаққи имсолаат қатӣ якҷоя медодам.
— Бе ҳамин ҳам ҳаққи дусоларо аз шумо нагирифтаам.
— И... ӣ! Тавба кардам гўй. Фақат ҳаққи ҳаминсола!
— Порсолаашро ҳам надодаед.
— Укаҷон, ғиромӣ накун, айб аст. Ман ҳаққатро додагӣ.
— Кай додед? Канӣ гўед?!
— Каӣ? Кай додам? ум... ум... Шота об барад, додам-ку! Йӣ...
йӣ... тўҳмата бинанд.
— Канӣ гўед, кай, дар куҷо?
— Ман ҳар рўз қариб ба ҳар кас ҳар чиз медиҳам, кай донам, ки кадомаш кай буд.
— Ман дигар моли шуморо бонӣ намекунам.
— Майлат, майлат, бонӣ накун, ман ҳозир рафта ҷудо карда ба дигар чўпон месупорам. Майлат, рав, ман аз қафо меоям.
— Ҳақро бароред, баъд мол мегиред, вагарна...
— Ман ҳаққатро баъд медиҳам.
— Не.
— Не бошад, не! Рав!

  1. Шоҳашро
пешина
аз 393
навбатӣ