Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Пули ЗАРРИН
Ў пир шудаст. Як пора латтаеро қурут барин лўнда карда, чашмони обшорашро пок мекунаду ба кас менигарад. Чашмони шаффофи ў беранг ва бенур шудаанд, фурў рафтаанд. Доим дар пилки сурхшудаи чашмонаш ашк давр мезанад. Вай риши сафеди мундаашро панҷа мезанад. Гоҳ-гоҳе фаши салларо дошта беозор оби чашмашро тоза мекунад ва нафаси дароз кашида «Астағфуруллоҳ, худоро шукр» мегўяд. Вай нидо мекунад, ки ҳар беақлӣ ва гуноҳе карда бошад, худо биёмурзад. Чашмонашро молида-молида ба кўча мебарояд. Борон навакак заминро об зада хушрўй кардааст. Дар паси теғаи паҳлўи деҳа тирукамон ба сони пули заррини афсонавӣ рўйи рўди Зарафшон шинонда шудааст. Гунҷишкон худро афшонда чирқ-чирқ аз шохе ба шохе меҷаҳанд. Мўйсафед аз тангкўча баромада ба камонак нигоҳ мекунад, рангҳо ба назараш шабаҳ метобанд. Дар кўча касе нест, ки бо вай сўҳбат кунад.
Мўйсафед каме зери дарахти садақи наврас менишинад, баъд оҳи мадиде кашида бархоста меравад...
1
Бист сол аст, ки онҳо дар ёди писар месўзанд. Дар ҳар маврид инони сухан ба ин боб мегардад. Нияташон ҳамин, ки писар шаваду номашро Ҷаҳонгир монанд. Вале ин ном ба худашон насиб шуд. Ба хотири орзу ҳамдигарро «Ҷонгир» гуфта ҷеғ мезадагӣ шуданд. Ва оҳиста-оҳиста номи Алибек дар байни мардум тамоман «Ҷонгир» шуда монд. Ў марди доро буд. Мардум ўро «бой»
мегуфтанд ва вақтҳои тангдастиашон аз ў гандум, ҷав ё пул қарз мегирифтанд, ки баъд аз даҳону биниашон мебаромад.
Зани Алибек ҳам ба худаш мос афтида буд: ниҳоят зани бағиём.
Як дона чормағз ба дасташ афтад, ба сандуқ мепартояд, ки ба рўзи бадаш суд мекунад. Вай зани қоматбаланд, сари калони ларзон дорад ва гўшаш вазнин ҳам шудааст.
Онҳо ҷуфти кабўтар барин, доим як ҷо. Ҳоло дар айвон офтоб мехўранд. Каллаашонро ба ҳам монда, оби барфи аз гўшаҳои бом рехтаро тамошо мекунанд. Мўйҳои занак ба рўю пешониаш паҳн шуда, ба гўши шавҳараш расида қитиқашро меорад.
— Ҷаҳонгирҷон, ҳардекамон-дия? – сарашро аз сари шавҳараш наканда пурсид ў, вале Алибек ҷавобе надод, вай ба андеша рафта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё