Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Рўзи аввали соли таҳсил. Мактабиён ба Кабир маънирез нигоҳ мекарданд. Кабир рамузи нигоҳи онҳоро намефаҳмид; ба яке механдид, ба дигаре чашмак мезад. Дар хотимаи дарс «Ба модарат чӣ шудааст? Чаро дасту пойи ўро бастед? Ту модаратро ҳар рўз мебинӣ?» барин пурсуҷўҳо ўро ба ҳайрат гузоштанд. Кабир сарфаҳм нарафт, ки онҳо чӣ мегўянд. «Маро масхара мекунед» гуён хориаш омад. Ба хонаашон омада, момояшро зери айвон парешон дид, аз ў напурсид, ки модараш куҷост. Хонаҳоро хабар гирифт.
Модарашро наёфт, пас назди момояш омада пурсид. Кампир ҷавоб надод. Кабир ўро ба ҷон расонд, баъд бо илтиҷо гуфт:
— Тақдир будааст, ба модарат париҳо расидаанд. Коре карда ба касе гап назан. Наздаш нарав. Мулло ҳамин рўз омада мехонад.
— Дар куҷо модарам?
— Дар коҳдон.
— Ба қатори говҳо бастед?
— Овоз накун. Гуфтам-ку ба ту, касе нафаҳмад.
Кабир ба ҳарфи момояш гўш надода, назди дари коҳдон рафт ва қуфлро як лағат зад.
— Оча!?
— Кабир, дара зада шикан, ман мебароям, инҳо маст шудаанд.
– Базўр овози модарро шунид ў. Дасте аз паси гиребони Кабир дошта, кашид.
— Ту ба очаат рафтанӣ, барони ҳамин гуфтани маро гўш намекунӣ. Гузар! Додот наомада, гузар, ки мекушад.
Кабир сари чаҳл силтав дод, ки аз дасти момо раҳо ёбад, гиребонаш дарид. Башаст аз дарвоза бурун рафт. Момо парешон шуда, аз паси ў тохт, ки ба ягон кас хабар надиҳад. Кабир лаби ҷўй нишаст. Момо баргашт.
Кабир хеле хаёл кард, гўё имшаб хоби мудҳише дида бошад, ба оби равон гуфт. Ҷаҳида аз ҷўй гузашт ва боз ҷаҳида ин тараф омад, тозон ба ҳавлии ҳамсоя даромада, номаълум ба бом баромад.
Тахтаи бар равзана гузоштаро гирифт ва аз он ҷо нигоҳ кард, модарашро дида, хост худро ба рўйи коҳ партояд, вале модараш «нафуро» гуфт.
— Оча, ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Ман фуроям?
— Не, баъд баромада наметавонӣ. Гўш кун. Дар байни кўрпаҳо пул ҳаст. Оҳиста гир ва марказ рав. Ариза навишта, ба милиса дарою гўй, ки модарам ҳамин хел.
— Ариза навишта наметавонам.
— Чӣ хел панҷ сол хондӣ, ки... Хайр, назди муаллимат раву ҳама воқеаро гўй, дар ариза нависад, ки...
Садои кушодани қуфли дар сўҳбати онҳоро бурид. Кабир тахтаро ба чояш гузошт ва хона хилват гуфта аз бом фуромад, ки аз байни кўрпа пул гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё