Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Азизам, бас, ман гуфтам-ку, худам хафа ҳастам...
— Ман хурсанд! Фикр мекунӣ, ки ҳоло дар деҳаи мо касе..
— Бас! Ман бо ин мақсад ин ҷо наомадаам.
— Шояд ин овози ту дар ин хомўшӣ он тарафи рўд гузашта бошад...
— Гуфтам-ку, дар маркази ноҳия духтури шинос дорам. Хоҳӣ, ҳозир меравем....
— Не, ман роҳамро худам меёбам. Ту метавонӣ ҳозир равӣ, шояд барои ту ягон маслиҳат диҳад, шояд занатро бурда муолиҷа кунӣ.
— Не, вай аз ин дард халос намешавад.
— Пас чӣ фарқ дорад, ки ман таваллуд мекунам ё не.
— Ту чаро ҳукм мекунӣ, ки аз ман аст. Рафту аз аробакаш бошад?
— Ҳаа, ҳазор раҳмат ба ту барин мард, – гуён Ҷавлон бархост ва бо қадоба равон шуд.
— Беақлӣ накун, биист! Охир, чаро худатро мехўрӣ, касе хабар надорад-ку! Туро дар маҷлиси ҷамоату партиявӣ маломат накарда бошанд...
— Маломат кунанд, баъд чашм мекушоӣ?
— Маро хафа накун. Ту орзу доштӣ, ки шабе ҳамроҳ ин ҷо бошем, барои ҳамин омадам.
— Ҳазор раҳмат.
Ҷавлон аз ў дур шуд. Дар паси буттаҳои сиёҳ аз чашми Назир ғайб зад, Назир нигарон шуд, ки бармегардад. Ногоҳ садои ба рўд бархўрдани чизи вазнине расид. «Ҷавлон!» фарёд кашид Назир ва баргашта ба мотосикл такя зад.
Чашми фурўзони мотосикл қаъри обро нигоҳ мекард. Шаб тамоман хомўш. Моҳиён ба хоб рафтаанд.
Назир чароғи мошинро ба қади об рост кард. Буттаҳои қатор ва дар сари буттае рўймоли Ҷавлон меистод. Назир дартоз рафта, рўймолро бардошт ва «Ҷавлон, Ҷавлон» гўён паси чандин буттаро хабар гирифт, наёфт. Мадори пояш хушк шуд. «Уф» гуфта нишаст. Пас аз хеле вақт бархеста, рўймолро бар гардан андохт ва мотосиклро савор шуда сўйи деҳа ронд. Ба роҳ баромад. «Ман чӣ кор карда истодаам?» савол дод ба худ ва баргашта ба лаби рўд омад. Касе чашмони аз косахонааш барҷаста ва ранги паридаи ўро намедид. Ва худаш намедонист, ки дар чӣ ҳолат аст. Вақте ки ба пешониаш даст расонд, ҳис кард, ки мисли каси беҷон дастонаш сард шудаанд. «Ҷавлон!» бори дигар фарёд кард ў ва каме поёнтар рафт. Дар реги нарм ва нами соҳил нақши кафши занонаро дид.
Чанд қадам рафт ва дар сангчол онро гум кард. «Ҷавлон!» Дар ҷавоб садои рўдхона омад ва гўё об овози мардрр хўрд.

пешина
аз 393
навбатӣ