Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Сипас аз хаёл гузаронд, ки зани гунаҳкоре худро ба ҳамин рўд андозад, боз талвосае мекарда бошад, ки бурун ояд? Зиндагӣ ширин аст, ё ғарқ мешавад, ё мавҷи рўд ўро ба соҳил меандозад. Баданаш ларзид. Зарраҳои оби рўд ба рўйи ў мезаданд. Форам.
— Ин қадар фикр мекунӣ?
— Фикр не. Ба назарам моҳиён дар нур ҷамъ шудаанд...
— Намеравем?
— Моҳ барояд, меравем.
Бар рўйи рўдбор равшании моҳ пахн шуд, вале ҷари лаби рўдхона байни моҳу онҳо монеае буд.
— Ба назари ман ягон шаб ин хел кушод ва ҳаловатбахш набуд.
Ба назари шумо чӣ, Назирҷон?
— Ман ҳам ягон вақт дар об ин қадар ситора надида будам.
— Акнун чароғи мотосиклро хомўш кунед.
— Намеравем?
— Шумо ин қадар аз ман гурезон?
— Ҷавлон, мо хурд нестем. Мефаҳмӣ.
Ҷавлон берхост ва як санги азимро тела дода ба об ғелонд ва баробари ба об сарнагун рафтани санг нури чароғ аз қаъри об зарраҳояшро чамъ кард.
— Рафторат кўдакона.
— Акнун фаҳмидам, ки кўдак будаам.
Назир боз мотосиклро по зад. Садои мотор ба рўйи рўдбор паҳн шуд ва дили Назирро ваҳм пахш кард, гўё ки ин садо асрори ўро фош мекарда бошад. Ҷавлон бо як зуъм ба каҷоваи мотосикл нишаст ва пеш аз роҳӣ шудан бо овози шикаста ба Назир суол кард.
— Мабод, ки хато карда бошам?
Ба ҷойи ҷавоб садои мотосикл баланд шуд.
3
Ҷавлон чӣ хел ба хона расиданашро надонист. Гоҳе ки аз дарвозааш дохил шуд ва хонаашро вайрон дид, ҷуз бўйи хоки деворҳои вайрона чизеро ҳис накард. Ба кўрпаҳое, ки зери хавоза тори сандуқ рах зада буданд, такя кард ва ба худ саволе дод: «Мардхо бовафоянд, ё занҳо?» Пас ба хаёл рафт: «Ман аз барои ў худро шармсор кардам. Аз шавҳарам ҷудо шудам, вале ў наметавонад.
Метарсад. Сабабе намеёбад. Бехабар! Магар ман баҳонае доштам.
«Аз ту бўйи асп меояд». Аз ин гуфта худам шарм мекунам. Чӣ хел ин дард ба ман часпид? Ҳа, айби ғунда. Дар сари дарав маро газид. Беёд шудам. Чашм кушодам. Манаҳ ва абрўю мижгони ўро дидам. Он қадар ба назарам аҷиб намуд, ки маргро ҳам фаромўш кардам. Ҳар ҷо мегуфтам, ки сабаби аз марг наҷот ёфтанам ҳамин Назир аст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё