Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Чуш...ш» нони ба ком часпида нагузошт, ки ў баландтар «чу»
гўяд. Аробакаш мисли мурғи гулўгирифта чашмонашро пўшида,
хойидаашро фурў бурд. Моҳрў аробаро кашида, байни майдони тамокуҳои сабз пинҳон шуд...

2

Мотосикли сечарха аз роҳи калон ба рост гашта, даштро миёнабур кард ва сўйи дарё рафт. Аз деҳа касе ўро назар кунад, медид, ки ба зери абрҳои сўхтаи айёми ғуруб фурў меравад. Вале гоҳе ки онхо ба лаби рўд расиданд, диданд, ки абрҳои сўхта андаруни обанд.
Ҷавлон аз рўд як каф об гирифт ва абрҳои сўхта аз даруни об гум шуданд. Гўё пардаи сиёхи шаб ба сари ў даромад. Ҷавлон, ки обро бо азми ба рўйи Назир пошидан гирифта буд, даст боздошта, об ба рўйи худ кашид, то хотири мушаввашаш ҷамъ гардад.
— То кай ин ҷо мешинем? – пурсид Ҷавлон.
— То фурўрафти офтоб.
— Баъд?
— Баъд ба хонаамон.
— Шумо хонаатон меравед... Ман...
— Ҷавлон, ман чӣ гуфта будам?...
— Хонаҳоро гардондем. То хонаи нав бунёд мешавад, ки зимистон меояд.
— Ҳеҷ гап не. Аввалин хонаи шефирдор хонаи худат мешавад.
Он гоҳ кадом вақт хоҳӣ, ман меоям.
— Шумо розӣ ҳастед, ки аз ҳисоби он шабҳо имшабро дар ин ҷо гузаронем.
— Не, Ҷавлон, дар ин ҷо мумкин не, «девор муш дораду муш гўш.» Бе ин ҳам одамон сояи маро аз девор метарошанд.
— Занатон аз гиребонатон мегирад?
— Боз гуфтӣ-дия.
Ҷавлон дигар ҳарфе назад ва ба шафақи офтоб нигоҳ кард.
Дилаш ҳузн гирифт ва ба Назир гилаомез гуфт:
— Ё маро масхара мекунед, ё мақсади шуморо ман намефаҳмам. Ин як рўзу ду рўз не, чордаҳ сол мешавад. Падару модарам зўран фотиҳа карданд, гуфта хонадор шудед. Ман ҳам сари ҷаҳл ба шавҳар баромадам. Ба хотири шумо аз ў ҷудо шудам. Ана акнун...
— Мехоҳӣ, имшаб ҳамин ҷо монем?
— Не, меравем.
Ба ҷойи офтоби паси уфуқҳо фурўрафта дар қаъри рўд чароғи мотосикл фурўзон шуд. Ҷавлон ба доираи нур нигоҳ кард, ки моҳие синаи сафедашро нишон медода бошад. Як шохи шикаста аз доираи нур гузашта, пинҳон шуд ва ба назараш расид, ки оби гилолуд дуде дорад.

пешина
аз 393
навбатӣ