Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Як кабўтари сафед парвоз карда омад. Дар саҳна давр гашт, бозӣ кард. Болҳои вай пар-пар мезад. Пўпакашро бод меҷунбонд.
Меларзид. Дар зери осмони лоҷувардӣ озод парвоз мекард... Баногаҳ садои тир баромад. Кабўтар парвоз кардан хост, натавонист.
Боли чапаш кашол шуд, пояш ҳам захм хўрд, лангид...»
Ман лаҳзае назарамро ба он се тан дўхтам ва дидам, ки онҳо ҳама ҳуш шуда, ба пеш майл кардаанд. Дойра мисли ҷон кандани сайде як-як метапиду садо мебаровард. Гўё кабўтар бо боли шикастааш фаршро мезад ва садои он базўр шунида мешуд. Кабўтар ҳаракат мекард, ки боли шикастааш қувват гирад ва ў аз нав парвоз карда равад. Садо ва зарби дойра оҳиста-оҳиста тез шуд ва кабўтар ҷон гирифт. Дойра рез кард ва боли шикастаи кабўтар ба парвоз моил шуд, дигар намелангид. Кабўтар парвоз кард, давр гашт, пар-пар зад ва аз саҳна берун шуд...
Толор гўё як тан шуда буд ва як нафар дар он ҷо нафас мекашид, вале ҳамин ки кабўтар парвоз карда рафт, як тан садҳо тан шуда каф кўфт. Кабўтари сафед хиромида ба саҳна баромад ва боз пар-пар зада рафт.
Ман ҳайрон шудам, ки дар саҳна ҳаракатҳои паррандаро ин зайл иҷро кардан мумкин будааст, вале чаро паррандаи тирхўрда ба ин осонӣ сиҳат шуда боз парвоз мекунад? Дар ин хусус бисёр мулоҳиза рондам ва чандин бори дигар ин рақсро тамошо кардам, вале ба саволам ҷавоб наёфта, ин раққоса аз саҳнаҳо гум шуд.
Кабўтари сафедро ё ягон кас сайд кардааст ва ё ба ягон ҷо парвоз карда рафтааст. Баъд одати халқамонро ба ёд овардам, ки аспи нағзу духтари хубро зуд мерабоянд. Ростӣ, ман аз ҳеҷ кас пурсида натавонистам, ки ў куҷо рафтааст, зеро нахостам, ба ман гўянд, ки ту ҳам ба ў хушдор шудаӣ. Вале мақсади ман дигар буд. Ман мехостам, ки Мулкия дар саҳна ҳам кабки дарӣ шавад, ҳам шоҳин ва агар илоҷаш бошад, уқоб ҳам...
Оҳангҳо низ гум шуданд. Маро ба он тараф намехонданд. Вале як ғояти шаб, ки фаро расид, қалами дасти ман ба рўйи коғаз дароз мехобид ва ман гўш ба кадом оҳанги шинос медодам. Ба гўшҳоям чунин мерасид, ки оҳангҳои ў дар деворҳои хонаи ман боқӣ мондаанд ва хумораш, ки гирифт, садо медиҳанд.
Тирамоҳ айнан вақте ки ман тирезаҳойи хонаамро мепўшидам ва садои оҳангҳо намеомад, азназаргузаронии театрҳои халқӣ шуд. Шабе театри Кўлоб баромад кард. Баранда эълон кард, ки дар иҷрои Мулкия рақси «Остин»-ро тамошо кунед. Садои таблаку ғижжак баромад ва раққоса намоён шуд. Куртайи гулпартои остиндарози тоҷикӣ дошт: чакан. Хиромида паҳлў мерафт ва бо остинҳояш банавбат рўяшро мепўшид. Рўйи ў пеши назарам мисли моҳе менамуд, ки аз зери абрпорае баромада, зери абрпорайи дигаре фурў мерафта бошад.

пешина
аз 393
навбатӣ