Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Саҳна ҳамон саҳнае буд, ки аз ягон спектакл ба такрор намоиш медода бошанд. Вале ин дафъа ў зонуҳояшро оғўш карда наменишаст. Рост меистод. Дар даст кабўтари сафеде дошт. Вайро оҳиста ба сари дилаш наздик овард ва минқори зебояшро ба лаб бурда бўсид. Баъд боли рости онро ёзонда хабар гирифт. Сар доду ёзонд, сар доду ёзонд. Каме ба пушт гардонда хуб тамошо кард, вале гоҳе ки боли чапи онро хабар гирифтанӣ шуд, боз як бор кабўтарро бўсид ва хам шуда чунон боэҳтиёт ба замин гузошт, ки гўё кабўтар мисли зарфи нозуке мешикаста бошад. Ва шикаст ҳам: боли чапи кабўтар кашол шуда ба замин расид. Кабўтар қадам андохт, лангид. Духтар хеле ба қаноти кашоли кабўтар зеҳн монд ва дасти чапашро бемадор кашол кард, китфаш ҳам хам хўрд. Пас қадам андохта лангид.
«Чаро ин муштипарро масхара мекунад?» ба худ суол кардам.
Духтарак боз кабўтарро пеш ронда, гашташро зеҳннишин мекард. Кабўтар лангида-лангида чанд қадам монд ва ба паҳлўи рост дароз кашид. Духтарак нафасе чанд диққат кард ва кабўтарро бардошта бўсида-бўсида ба қуттии дар сутуни хавоза устувор кардашуда гузошт. Ў баргашта рафтори кабўтарро такрор кард.
Дасту пойҳояшро ҳаракатҳо дод, азоби кабўтарро тақлид кард, бозистод ва боз ба ҳаракат даромад... Баъд рафта тугмаи магнитофонро пахш кард. Зарби дойра баромад. Духтар ба осмон нигарист ва бо дасташ чунон ишорае кард, ки гўё кабўтар парвоз карда омада ба пеши пойи ў нишаста бошад.
Ба оҳанг гўш дод, диққат кард, баъд мисли он ки ягон чизро як, ду, се, чор... гуфта мешуморида бошад, ба зарби дойра ҷўр шуда даст ҷунбондан гирифт.
Ман яқин кардам, ки мағзи духтар халал дидааст. Хеле афсўс хўрда, баргаштам. Аҳд кардам, ки барои шунидани оҳангҳо ба дарвозааш наоям ва танҳо «овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст»
гуфта, тирезаи хонаамро боз карда, гўш ба ҷараёни бод дорам.
Акнун чунон зарбу рези шинохти дойра такрор мешуд, ки ҳам ғаш ва ҳам хашми маро меовард. Гумон кардам, ки бахшие шаб бемореро мекўчонад. Ниҳоят, баробари шунидани садои дойра тирезаро мепўшондагӣ шудам... Дигар ба хонаи ман садои мусиқӣ, оҳангҳои шинос ва садои дилбазани дойра намедаромад.
Бо ёди оҳангҳои аввал рўзе ман ба «консерти калон» даромадам ва он се тан рўбандаро дидам, ки дар қатори сеюм менишастанд.
Онҳо маро нашинохтанд ва ман ҳам сир надода дуртар аз онҳо нишастам. «Консерти калон» чунон дилбазан буд, ки ҳар ромишгару хунёгару овозхонро камаш панҷоҳ ё сад маротиба дида будам.
Дар курсии нишастаам беқарор шудам. Баногоҳ баранда «Рақси кабўтар, дар иҷрои Мулкия» эълон кард. Рези дойра баромад. Ин ҳамон садои ошно буд. Гўё як вақтҳо ман бо бародарам ҷангӣ шуда аз дидораш маҳрум гашта будам, баъди пазмониҳо бо ў ҳамдидор ва оштӣ мешудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё