Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳеҷ чиз нафаҳмидам. Гўё дар ин ҳавлӣ як духтар ҳасту як магнитофон ва як кат, дигар ҷонзоде ва ё чизе нест. Ба маънии суол гарданамро каҷ карда ба духтар нигаристам. Ў сар ҷунбонд, вале ман маъниашро нафаҳмидам.
— Ў ҳеҷ чиз намефаҳмад «Не».
— Гунг аст?
«Не».
— Мағзаш халал дидааст?
«Не» – фақат бо ишораи сар посух мегуфт ў.
— Чӣ набошад?
«Ҷим!» – ангушт ба лаб бурд духтар.
— Ту ҳам забон надорӣ?..
Ў ранҷидагӣ барин як ба ман нигоҳи бад афканд ва боз ба духтар нигарист, гўё ки мисли ман ўро бори аввал медида бошад.
— Ў андўҳ дорад?
«Не».
Ман худро пурғазаб вонамуд карда даст ба ҳалкаи дарвоза бурдам, ки кушоям. Духтарак даҳон воз карда, дастамро маҳкам дошт ва маро ба пас кашид, ки баргашта равам.
— Магар ақли ў коҳидааст?
«Не, не, не!» – ботини ў гўё фиғон кард.
— Ошиқаш нобуд шудааст?
Ин дафъа духтар ба ишораи сар ҷавоб надод, балки боз ҳам пурғазабтар ба рўйи ман нигоҳ кард. Ман намедонистам, ки ў чӣ мегўяд ва ман чӣ ҷавобе диҳам. Садои мусиқӣ низ хомўш шуд.
— Акнун равед, вай тамом кард, – гуфт духтар ва рўй гардонда даруни дарвоза шуд. Ҳарчанд аз рўйи одоб набуд, ман тоқат карда натавониста, аз роғи дарвоза нигоҳ кардам. Духтарак ба апааш чизе гуфт ва ҳаракати магнитофонро боздошт. Аз афташ, дар бораи ман не, дигар чиз гуфт, ки духтараки ношинос безобита нашуд, ба сўйи дарвоза нанигарист, балки бар лаби кат нишаста, ҳамчунон фикру хаёлашро давом медод. Акнун рўйи ў пурра менамуд. Духтаре буд мисли ширмоҳӣ. Дар ҳусни зоҳирии ў нуқсе ва ё халале ба назар намерасид. Наҳифпайкар буд. Ангуштонаш ҳам хеле нозук ва борик менамуданд. «Наход, ки табиат ба ў забони бурро ё ақли расоро раво надида бошад?» аз фикр мегузарондам ман. Ба назарам, ҳар қадар ба ў нигоҳ кунам ҳам, муроде ҳосил намешавад. Ман дилу бедилон аз дарвоза дур шудам ва дар дил мегуфтам, ки ҳар вақт ки лозим шуд, омада мефаҳмам... Бо роҳи омадаам баргаштам. Кўчарўбҳо наменамуданд. Дар хамгашти кўчаи фарох як ҷорўби дастадароз дар танаи симчўбе такя гузошта шуда буд. Ман ба ҷорўб нигоҳ карда гузаштам ва дуртар он ду танро дидам, ки пайроҳаро мерўфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё