Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Се чорўб мисли камонакҳое буданд, ки ғижжакнавоз ба рўйи торҳои ғижжак мекашида бошад. Худоё, наход он оҳангҳо садои ҳамин ҷорўбҳо бошанд, ки ба биноҳои серошёна танин андохта ба фазо паҳн шаванд. Ман бо шубҳа ва андеша ба онҳо нигоҳ карда гузаштам, онҳо ба ман эътиборе ҳам надоданд. Ман ба мард наздик шуда, чунин суол кардам.
— Бародар, дар ин гузар ягон ҷое ҳаст, ки мардум ҳар шаб базм кунанд, ё тўе барпо шавад?
— Аз девона мепурсӣ, ки моҳ чанд, – сарашро боло ҳам накарда ҷавоб гуфт ў ва ҷорўбкашиашро давом дод.
Вале духтари ў аз чизе ҳаросидагӣ барин пуршаст ба ман нигарист ва боз ба падараш зеҳн монда хомўш шуд.
— Ту ҳам намедонӣ, духтар? – ман аз нигоҳи ў чизеро пай бурда пурсидам.
«Не» сар ҷунбонд ў ва аз ман чашм наканда ҷорўб кашид.
— Ва ягон бор садои мусиқӣ нашунидаӣ?
«Не» боз сар ҷунбонд ў ва рў гардонд.
Ман роҳамро давом додам. Ба зери адир наздик шудам. Шамол аранге оҳангеро ба гўшам оварду боз бурд. Ба назарам аз чашмам як даста оташ парид. Бозистода гўш додам. Як зарби оҳанг такрор шуд. Дилам тапид. Баъд оҳиста-оҳиста қадам монда ба тангкўчае дохил шудам. Аз як ҳавлии назарногир, ки хонаҳои гилӣ дошт, паст-паст садои мусиқӣ меомад. Ин оҳанг хеле паст ва аз ин роҳи дур то хонаи мо расиданаш гумон буд. Ва агар ба бод ҳамроҳ шавад ҳам, бод дар роҳ ин оҳангро фурў мебурд. Ба дарвоза наздик шудам, дилам сахт-сахт тапид. Гўё ман пешакӣ медонистам, ки ҳозир чӣ ҳодиса рўй медиҳад ва ҳаяҷони ман то ба кадом дараҷа мерасад. Чунон ки ман дар назди тирезаи бози хонаам баробари шунидани оҳанг нафаси дароз кашида будам, дар назди ин дарвозаи ношинос ҳам ҳамин зайл нафас кашидам.
Аз паси сарам шарфаи пойи касе омад.
— Ў ба шумо халал мерасонад? – шунида шуд овози духтаронае.
«Не» чунон ки ў ба саволи ман сар ҷунбонда буд, ман ҳам ҳамчунон сар ҷунбондам.
— Пас шумо ҳам ба ў халал нарасонед.
— Ў кист?
— Апаи ман, – гуфт ў ва аз роғи дарвоза нигарист.
Ман ҳам аз болои сари ў нигоҳ кардам. Дилам фурў рехт. Духтар зонуҳояшро оғўш карда, манаҳ бар зону гузошта менишаст.
Мўйҳояш мисли сунбул парешон гашта ўро ба оғўш гирифта буданд. Фақат нўги бинӣ, мижгони чашми рост ва кунҷи абрўяш менамуд. Дар тан куртаи ҳарири сафед дошт. Маълум набуд, ки ў сукут меварзад ва ё фикр мекунад. Дар паҳлўи кат рўйи курсие магнитофон меистод, саҳни ҳавлӣ обзада ва рўфта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё