Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… На! Боз як суруд: суруди дарвозайи ин мулки Офтобрўро пайдо карда, то Ҳисори шодмон рой паймудану қатл фармудани муғул тоҷикро…
Ҳуши ман ба танкҳову мошинҳойи сўхта, вайрона, зангзада ва харобаҳо, вайронаҳо, ки ин қадар сабзаву рустанӣ ва дарахтони шукуфону гулрез ва гулхорҳо натавонистаанд рўпўш кунанд. Ин оҳанпоҳойи одамкуш, хонасўз ва баройи қатли ом ихтироъ шуда чу мурдаҳойи бесоҳиб зери дарахтону сари роҳҳо ва буни харсангҳо хобидаанд. Даст, пой, сар, тана ва дилу ҷигари онҳоро ҳатто саг намехўрад. Кори одамӣ ҳамайи ҳамин шўру шаррҳо… ва ихтирои бардаҳойи зархарид.
Ай кўҳҳойи бузургу таҳамтан! Шумо чун натавонед бо чунин ҳашамат ва сари осмонсойи хеш пеши роҳи бедодиҳоро бигиред?
Ё шумо низ ҳамаро аз қисмат медонед ва рухсати санг ба сари бадкорон заданро надоред? Охир шумо нобаҳангом ва беҳуда мелағзед ва ҳазорон ҳазор бегуноҳонро гўру кафан мешавед! Аммо гоҳе ки адў бар тану ҷонатон оташ мезанад, бо тири сўзон синаатонро сўрох мекунад, хомўш мемонед ё сукут меварзед. Ё тоҷик аз шумо омўхта, «меҳмоннавоз» сифат гирифтааст ва ё шумо аз тоҷик ибрат гирифта сукут меварзед!
Дар атроф чароғе наметобад. Агар чароғи фурўзони мошинҳо набошад, кас намедонад куҷо меравад. Вале дар чунин тирагӣ як равшанойие аз ҷониби Машриқ ба чашм мерасад, ки ояндайи мулки моро равшан мекарда бошад. Ҳама ҷо торик, чароғе нест, аммо аз пеш сапеда медамад. «Бинеда, ин ҷо шаб, он ҷо рўз»
мегўяд нафаре, ки ҳамроҳи мо дар мошини пешгард нишаста.
Аммо ман мегўям: «Ба назарам моҳи шомхўрда тулўъ мекунад.» Ва бисёр мехоҳам, ки Ҳоҷӣ Саъдулло ин манзараро ба навор гирад, аммо ў дар мошини дунбол аст, ба ҳам омадани «аблақи субҳу шом»-ро мебинад ё на? Сари қулла равшантар мешавад ва аз дур миёни кўҳҳо чароғаке чашмак мезанаду дар лангари мошин боз нопадид мегардад. Шўълайи оташи чўпон барин. Боз менамояд ва кўҳҳойи тира онро боз фурў мебаранд. Аз он ҷониб абрўйи моҳ сари қулла менамояд ва оҳиста-оҳиста комил мегардад, ки кас ҷунбиданашро дида наметавонад.
Ва он шабчароғе, ки гоҳ метобиду гоҳ на, чароғи равшан мешавад ва батадриҷ моҳчароғ гашта, дарак аз мулк медиҳад.
«Яқин ба ободон мерасем…»
«Ба ободон… Марказ.» – ронанда мефаҳмонад.
«Тавилдара як девонахонайи занона дошт, аҳволаш чун бошад?»
«Дар ҷангҳо хароб шуд. Касе зинда монда бошад, ба Кўктош бурданд. Ягон…?»

пешина
аз 393
навбатӣ